Ганҷи гов
Ганҷи гов (форсӣ: گنج گاو), Ганҷи говон, Ганҷи говмеш — номи ганҷи афсонавиест, ба як ривоят, аз ганҷҳои шоҳ Ҷамшед, ба ривояти дигар, аз аҷоиботи ҳафтганҷи боргоҳи шоҳ Хусрави Парвиз, ки дар замони Баҳроми Гӯр ёфт шудааст.
Ривоёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз рӯйи баъзе ривоятҳо, деҳқоне (кишоварзе) бо кишту кор дар заминаш машғул буд, ки ногоҳ каландаш ба кӯзаи пур аз тило бархӯрд. Ӯ дар ин бора ба дарбор хабар дод. Одамони шоҳ ба ҷойи воқеа омада, дар он мавзеъ ганҷина — садҳо кӯзаи пур аз тило ёфтанд. Бо дастури Хусрави Парвиз як кӯза тилоро ба деҳқон (кишоварз) дода, дигар кӯзаҳои пур аз тилоро ба кохаш кашонданд ва онҳоро «Ганҷи гов» номиданд. Тибқи қиссаҳои дигар, деҳқоне ҳангоми обдиҳии зироат дид, ки тамоми об ба сӯрохе мерезад ва аз он ҷо овози аҷибе бармеояд. Деҳқон ба назди шоҳ Баҳроми Гӯр омада, воқеаи мушоҳидакардаашро ба ӯ ҳикоят намуд. Бо фармони Баҳром он сӯрохро канданд, бинои басо баланде пайдо шуд. Чун мубад бо ишораи Баҳром ба даруни бино даромад, дар он ҷо ду говмеш дид, ки аз тило сохта шуда, чашмҳояшон аз анору себу амруди зарин ва даруни меваҳои зарин пур аз марворид. Дар пеши сари говмешҳо охуре аз тило ва пур аз ҷавоҳир буд. Дар тани говмешҳо номи Ҷамшед кандакорӣ шуда буд. Дар гирду атрофи говмешҳо навъҳои гуногуни ҷонварон ва парандаву чаранда меистоданд, ки аз тило сохта ва мурассаъ буданд. Бо фармони Баҳром тамоми он ганҷро ба мардуми камбизоату ниёзманди қаламрави подшоҳияш тақсим карданд. Дар адабиёти классикии форс-тоҷик Ганҷи гов ҳамчун воситаи ифодаи ормони раҳоӣ бахшидани оммаи мустаманд аз фақру нодорӣ, тарғибу ташвиқи ҳимматбаландӣ, саховат ва хайру эҳсон мавриди истифода қарор гирифтааст:
Ба ҳангоми Ҷам чун сухан ронданд,
Варо «Ганҷи говон» ҳамехонданд.Фирдавсӣ
Дар гӯши гов хуфтаам аз амн, к-аз атош
Бо Ганҷи гову давлати бедор меравам.Хоқонӣ
Дар мусиқӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]1. Суруди қадимии мардуми форс-тоҷик, ки дар аҳди Сосониён Борбади Марвазӣ тасниф кардааст. «Ганҷи гов» суруди базмӣ аз силсилаи «Хусравонӣ»-и Борбад аст.
Чу «Ганҷи гов»-ро кардӣ навосанҷ,
Барафшондӣ замин ҳам гову ҳам ганҷ.Низомӣ
2. Таркиби созии муҳим дар пардаи «Рост» ва дар асрҳои 12-13 шуъбае дар таркиби пардаи «Рост» (аз бами шуъбаи «Панҷгоҳ» ва зери шуъбаи «Корсоз»). Минбаъд дар осори мусиқӣ бо чунин ном шуъбае ёдрас нашудааст, шояд тағйири ном карда бошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Борбаднома. Д., 1989; Нағмаи ниёкон. Д., 1989;
- Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;
- فرهنگ آنندراج. کلکته٬ ١۸۸٧؛ برهان قاطع.٬ نول کشور٬ ١۸۸۹؛
- رضاقلی خان هدایت. مجمع الفصحا. چاپ سنگی. ١۸۹٧؛
- ابومنصور ابن طاهر ابن زیله. کتاب الکافی الموسیقی. بغداد، ١۹۶۴؛
- ابن خوردادبه. کتاب اللهو و الملا هی. بیروت، ١۹٥٧؛
- محمد علی امام ششتری.٬ شعر و موسیقی و ساز و آواز در ادبیات فارسی. تهران٬ ١٣۴۶ ش؛
- نصرت الله حدادی. فرهنگنامۀ موسیقی ایران. تهران٬ ١٣٧۶ ش.؛
- مهدئ ستایشگر. واژه نامۀ موسیقی ایران زمین٬ جلد 1. تهران، ١٣۸١ ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ганҷи гов / С. Маҳмадуллоҳ, А. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.