Ганҷи корвон
Зоҳир
«Ганҷи корвон» (форсӣ: گنج کاروان):
- Суруду оҳанги қадимии мавсимиву маросимии форс-тоҷик, ки дар аҳди Сосониён Борбад тасниф кардааст. Оҳангу суруди хосса дар силсилаи сурудҳои «Хусравонӣ»-и Борбади Марвазӣ буда, дар рӯзи пардабардории Хусрави Парвиз аз ҳафт кохи пуршукӯҳ тасниф ва иҷро шудааст. Ин суруд аз лаҳнҳои сигонаи Борбад буда, ба силсилаи «Хусравонӣ»-и ӯ дохил мешавад.
- Гӯшаи созӣ дар таркиби парда (мақом)-и «Рост»-и «Дувоздаҳмақом» (асрҳои 12-13). Дар осори адабиву мусиқии асрҳои баъдӣ ба унвони шохаи созиву овозӣ дар маҷмӯи мақомҳо зикр нагардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Борбаднома. Д., 1989; Нағмаи ниёкон. Д., 1989;
- Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;
- فرهنگ آنندراج. کلکته٬ ١۸۸٧؛ برهان قاطع.٬ نول کشور٬ ١۸۸۹؛
- رضاقلی خان هدایت. مجمع الفصحا. چاپ سنگی. ١۸۹٧؛
- ابومنصور ابن طاهر ابن زیله. کتاب الکافی الموسیقی. بغداد، ١۹۶۴؛
- ابن خوردادبه. کتاب اللهو و الملا هی. بیروت، ١۹٥٧؛
- محمد علی امام ششتری.٬ شعر و موسیقی و ساز و آواز در ادبیات فارسی. تهران٬ ١٣۴۶ هـ. ش؛
- نصرت الله حدادی. فرهنگنامة موسیقی ایران. تهران٬ ١٣٧۶هـ. ش.؛
- مهدئ ستایشگر. واژه نامۀ موسیقی ایران زمین٬ جلد 1. تهران، ١٣۸١ هـ. ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ганҷи корвон / А. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.