Ганҷи Қорун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кӯза аз коллексия

«Ганҷи Қорун»Lydian Hoard) — ин номест, ки ба коллексияи 363 артефактҳои Лидия, мутаалиқ ба садаи VII то милод, ки дар музофоти Ушоқ (дар ғарби Туркия) ёфт шудааст. Ин хазина дар байни солҳои 1987 ва 1993 мавзӯи муҳокима додгоҳӣ байни Туркия ва Осорхонаи Митрополит Ню-Йорк буд. Дар натиҷа, коллексия дар соли 1993 ба Туркия баргардонида шуд — пас аз он осорхонаи амрикоӣ эътироф кард, ки ҳангоми харидан медонад, ки ашё дуздида шудааст. Имрӯз ҳама ашё дар Осорхонаи бостоншиносии вилояти Ушоқ ба намоиш гузошта шудаанд[1] [2].

Ривоёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ганҷи Қорун (форсӣ: گنج قارون‎) тибқи ривоёт сарвати беандоза азиме аз симу зар, ки Қорун ба василаи ҳунари кимиёгарӣ гирд оварда буд. Аз рӯи баъзе қиссаву ривоятҳо, Ганҷи Қорун фарогири 440 ҳазор анбон (халта) тилову нуқра буда, калидҳои дари хазинаҳои Қорунро 40 шутур мекашидаанд. Тибқи дигар қиссаву ривоятҳо, Ганҷи Қорун иборат аз 70 ҳазор деги рӯйини пур аз зар буд, ки дар хонаҳо ниҳода, ҳар хонаро бо як калиди аз як мисқол тило сохташуда қуфл карда буданд; нуҳ марди паҳлавон мебоист, то он калидҳоро аз ҷой бардоранд. Мусо-пайғамбар ба Қорун пешниҳод кард, ки миқдоре аз сарваташро дар умури матлуб ва дар роҳи хайру савоб сарфу харҷ намояд, аммо Қорун бухлу ҳасад варзида, аз пардохти ҳар гуна молиёт ва хароҷот саркашӣ намуд. Гузашта аз ин, ӯ Мусоро ба зино бо фоҳишае туҳмат кард. Мусо аз кирдору рафтори Қорун дар ғазаб шуда, даст ба дуо бардошт ва Қорунро нафрин кард. Худованд заминро мутеи Мусо сохт, то ӯ ҳар амале бихоҳад, дар ҳаққи Қорун анҷом диҳад. Бо дастури Мусо замин даҳон боз карда, Қорунро нахуст то буҷулаки по, сипас то зону, баъд то камараш фурӯ бурд. Қорун ба зориву илтиҷо даромада, гуфт: «Эй Мусо! Маро раҳоӣ бахш, то ҳамеша дар амру фармони ту бошам ва тамоми амволу сарватамро дар ихтиёри ту қарор диҳам». Аммо замин бо дастури дигари Мусо Қорунро бо тамоми молу сарваташ ба коми худ фурӯ бурд. Ба қавле, ҳамроҳи Қорун 14700 нафар ба қаъри замин фурӯ рафтанд. Онҳое, ки қаблан ба молу сарвати Қорун рашку ҳасад мебурданд, пас аз ин воқеа донистанд, ки дурусту шоиста истифода накардани дороӣ оқибат боиси ҳалокат ва зиёнкорӣ мегардад.

Дар адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар адабиёти классикии форс-тоҷик Қорун маҷозан касест, ки дар андӯхтани молу сарват ифрот ва кибру уҷб варзида, хасису бахил аст. Ганҷи Қорун киноя аз амволи беандоза зиёд аст, ки дар бештари мавридҳо аз роҳи носавоб ба даст омада, ба соҳибаш вафо намекунад:

Шабе, к-ӯ ганҷбахширо диҳад дод,
Кулоҳи ганҷи Қорунро барад бод

Низомӣ

Ганҷи Қорун, ки фурӯ меравад аз қаҳр ҳанӯз,
Хонда бошӣ, ки ҳам аз ғайрати дарвешон аст.

Ҳофиз

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]