Ганҷнома
Ёдмон | |
Кишвар | |
---|---|
Макон | Бахши марказӣ[1][2] |
Дата основания | асри V то м.[2][3] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
«Ганҷнома» (форсӣ: گنجنامه) — ду катибаи таърихие бозмонда аз даврони ҳукмронии Дороюш ва Хашиёршоҳ.
«Ганҷнома» дар пояи кӯҳи Алванд, (наздикии шаҳри Ҳамадон) ба хотири парастиши Аҳура Маздо бо зикри номи Дориюш, Хашиёршоҳ сабт шудааст. Ҳар катибаи «Ганҷнома» ба хатти мехӣ дар се сутуни 20-сатрӣ ба се забон: форсии бостон, эломӣ ва бобилӣ навишта шудааст. Матни форсии бостон дар самти чапи ҳар ду лавҳа қарор гирифтааст. Матни бобилӣ дар сутуни миёна ва матни эломӣ дар сутуни севвум қорор доранд. Сӯрохҳои канори «Ганҷнома» гувоҳӣ онанд, ки катибаҳо тавассути рӯпӯш аз боду борон ҳифз мешудаанд. Тарҷумаи лавҳаи катибаи Доро (290х190) чунин аст: «Худои бузург Аҳура Маздо, ки бузургтарини худоён аст, ки ин заминро офарид, ки осмонро офарид, ки мардумро халқ кард, ки ба мардум шодӣ дод, ки Дориюшро шоҳ кард, ки ягона аз миёни шоҳони бисёр, ягонаи фармонраво аз миёни фармонравоён. Манам Дориюш шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи сарзаминҳо, ки милали бисёр доранд, шоҳи сарзамини дуру паҳновар, писари Виштоспи Ҳахоманишӣ». Дар катибаи Хашиёршоҳ (270х190) матни катибаи аввал айнан такрор ёфта, дар ҷойи исми Доро номи Хашиёршоҳ навишта шудааст. Матни «Ганҷнома» аз ҷониби муҳаққиқон Евгон Фландин ва Паскал Косте таҳқиқ ва тарҷума шуд (1842). Баъдан Ҳанри Роулинсон барои кушодани рамзҳои хатти мехӣ дар Катибаи Бесутун аз таҷрибаи муҳаққиқони «Ганҷнома» истифода намуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Оранский И. М. Введение в иранскую филологию. М., 1960;
- دانشنامه دانش گستر. جلد. ۱۴. تهران، ۱۳۸۹
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ганҷнома // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.