Jump to content

Ганҷ нашриёт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ганҷ нашриёт

«Ганҷ нашриёт», — ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, корхонаи полиграфӣ.

Моҳи августи 2014 таъсис ёфтааст. Дорои дастгоҳҳои муосири нашриётӣ аз ширкати олмонии «Коениг энд Байер Групп» ва ширкати аврупоии «Мюллер Мартини» барои истеҳсолоти муосири полиграфӣ, аз ҷумла хатти чопи маводди нашриётии «Диамант МС35» бо иқтидори истеҳсоли 35 адад китоб дар як дақиқа (2100 адад китоб дар як соат), дастгоҳи чопи офсети СТР «Агфа Авалон» бо технологияи рақамӣ, дастгоҳи чопи офсетии «Эйҷ Пи Индиго» (истеҳсоли ИМА) ва дигар таҷҳизот мебошад. Барои истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ашёи хом ва маводди лозимиро аз корхонаҳои машҳури соҳа аз Олмон, Испания, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Хитой мегирад. 5 сентябри 2014 корхона ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ намуд. Корхона дар фаъолияти истеҳсолии худ ба масъалаи таъмини талаботи истеъмолкунандагон, сифати баланди маҳсулоти истеҳсолгардида, риояи муҳлати иҷрои фармоиш ва нархҳои дастрас аҳамият медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки бештар аз 150 унвон маҳсулоти нашриётӣ истеҳсол карда шавад. Дар корхона беш аз 50 нафар коргар, муҳандис ва хидматчии баландихтисос фаъолият менамоянд.