Jump to content

Гаравгонгирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гаравгонгирӣ — ғасби гаравгон, яке аз ҷиноятҳои дорои хислати байналмилалӣ; тасарруф, ғасб ё боздошти ғайриқонунии шахс бо маҳрум намудани ӯ аз озодӣ ба мақсади маҷбур кардани тарафи сеюм (давлат, ашхоси дигар ва ё созмон) ба анҷом додан ё надодани амалҳои муайян.

Гаравгонгирӣ метавонад бо эълон доштани талаботе, аз қабили пешниҳод намудани нақлиёт барои берун баромадан аз ҳудуди давлат, талаби маблағи пулӣ ё имзо накардани ин ё он санад, бо роҳҳои гуногун (пинҳонӣ, ошкоро, зӯрӣ, фиреб ва ғайра) анҷом дода шавад. Г. ба амнияти ҷамъиятӣ, ҳаёт, саломатӣ, озодии шахсӣ ва дахолатнопазирии инсон хатар эҷод менамояд. Гаравгонгирӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 181), Муоҳидаи Иттиҳоди Аврупо дар бораи мубориза бо терроризм (1977) ва муоҳидаҳои гуманитарӣ, аз қабили Муоҳидаи Женева аз 12 августи 1949 дар бораи ҳимояи аҳолии мулкӣ дар замони ҷанг ва протоколҳои иловагӣ ба он аз 8 июни 1977 ҳамчун ҷиноят дониста шудааст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998;
  • Раҷабов С. А. Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ. Д., 2012;
  • Буше-Сольнье Ф. Практический словарь гуманитарного права/ Перевод с французского Е. Кирпичниковой. М., 2004;
  • Pietro Verri. Dictionary of the International Law of Armed Conflict. Geneva, 1992.