Гарави воситаҳои пулӣ
Зоҳир
Гарави воситаҳои пулӣ — яке аз шаклҳои маъмули гарав дар фаъолияти тиҷоратӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ.
Моҳияти чунин шакли муносибати иқтисодӣ аз таъмини назорати қарздиҳанда (кредитор) бар фаъолияти тиҷоратӣ ва иқтисодии қарздор (қарзгиранда) мебошад. Дар асоси шартнома қарздиҳанда метавонад аз болои воситаҳои пулии ба суратҳисоби қарздор дохилшаванда назорат карда, бо ин роҳ иҷрои уҳдадориҳои шарики худро таъмин намояд. Маблағи пулие, ки предмети гарав аст, дар ҳисоби депозити бонк ё идораи нотариалӣ нигоҳ дошта мешавад ва фоизе, ки ба ин маблағ зам мегардад, ба қарздеҳ тааллуқ дорад (моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми II (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1999, № 12; 2002, № 4, қисми 1; 2006, № 4; 2009, № 12; 2010, № 7.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гарави воситаҳои пулӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.