Гарави қарз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гарави қарз — шакли таъмини уҳдадориҳои қарзӣ дар байни қарздиҳанда ва қарзгиранда.

Муносибатҳои қарзӣ ҳамкории ду тарафро ҳангоми шиносшавии қарздиҳанда бо фаъолияти қарзгиранда, муайян кардани шартҳо ва имзо намудани шартномаи қарз, ба ихтиёри тарафи дигар вогузор намудани маблағҳои пулӣ, назорати истифодаи мақсаднок ва саривақт баргардонидани қарзу иловапулиро дар бар мегирад. «Гарави қарз» дороиҳои қарзгиранда (мас., хонаи он), замонатнома ё кафолатномаи ҳукумат, бонкҳо ё корхонаҳои дигар буда метавонанд, ки қарздиҳанда онҳоро ҳамчун гарав қабул мекунад. Дар баробари ин қарздиҳанда масъалаҳои бозоргирии гарав, арзиши он, имконоти фурӯши он ҳангоми барнагардонидани қарз ва омилҳои дигари ба он вобастаро муайян менамояд. Ба ҳайси гарави баргардонидани қарз, қарздиҳанда метавонад бино, таҷҳизот, воситаҳои нақлиётӣ, коғазҳои амонат, ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр ва амволи дигари қарзгирандаро қабул намояд. Мутобиқи шартномаи қарз қисме аз амволи ба гарав гирифташуда метавонад дар дасти қарздиҳанда ва қисми дигараш дар ихтиёри қарзгиранда боқӣ монда, дар раванди истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ истифода гардад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарз. Д., 2009.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]