Гарданаи Карелия
Гарданаи Карелия (финӣ: Karjalankannas, Каряланканнас) — гардана дар байни хилиҷи Фини баҳри Балтика ва кӯли Ладога дар вилояти Ленинград.
Дар ҷануб бо пастии Приневск ҳамсарҳад аст. Релефаш сертеппа, баландиаш аз 10 м (Приозёрск) то 203 м (баландии Лемболов). Дар шимол таҳкурсии қадимӣ аз гранитҳо, гнейсҳо ва диоритҳо ташаккул ёфта, дар сатҳи он сахраҳои бузург мавҷуданд. Қисмати ҷанубии Гарданаи Карелияро таҳнишастҳои пиряхӣ ва кӯлию пиряхӣ пӯшондаанд. Ҷанубтар аз кӯли Суходолск аз ғарб ба шарқ қариб ба масофаи 40 км силсилакӯҳи машҳури Мичуринск (бараш аз 1 то 3 км, баландиаш то 50 м) тӯл кашидааст. Гарданаи Карелия минтақаи ҳазор кӯл (пайдоишашон бештар пиряхӣ) мебошад, ки онро дарёи пуроби Вуоск ва дарёчаву ҷӯйборҳои зиёд бурида мегузаранд. Бештар аз 60 дарсади ҳудуди Гарданаи Карелия аз бешаҳои дарахтони сӯзанбарг ва 7-8 дарсад аз ботлоқзорҳо иборат аст. Шаҳрҳои бузургаш: Виборг, Приозёрск, Всеволожск. Дар соҳили халиҷи Фин истироҳатгоҳҳои Сестрореск, Зеленогорск, Репино ҷойгир шудаанд. Сайёҳӣ ривоҷ ёфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гарданаи Карелия // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.