Jump to content

Гарда (наққошӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гарда (форсӣ: گرده‎) — қолаби нақш ё сояқолаб.

Наққошон нусхаҳои нақшунигорро аввал дар рӯйи коғаз (бо қалам ё сиёҳӣ; дар сарчашмаҳои назарӣ — сиёҳқаламӣ) кашида, сипас аз болои он сӯзан мезананд. Ин шева вақти иҷрои корро кӯтоҳтар ва нусхабардориро фаннитару осонтар мегардонад. Ҳунармандони гузашта коғазҳои сӯзанзадашударо ахта меномиданд. Ахтаро ба болои танаи сутун, девор, болор ё дигар ҷузъи меъморӣ гузошта, бо сӯзанакҳо устувор менамуданд. Гардаи аз ангишти дарахтони беду сафедор ба шакли талқон (хока) тайёр кардашударо ба халтачаи докагӣ гирифта, ба болои ахтаи часпонидашуда мезаданд, ки дар натиҷа дар рӯйи кӯза ё танаи сутун акси нуқтадори гиреҳ ё ислимӣ ба вуҷуд меомад. Сипас нақшро аз рӯйи он кандакорӣ мекарданд. Ҳунармандон ба қолабҳои наққошӣ арҷ гузошта, онҳоро чун намунаи мероси ҳунарии ниёконашон ҳифз менамуданд. Бинобар ин, гарда ва гардапардозӣ чун намунаи хосси ҳунари бадеӣ то замони мо омада расидаанд. Устоҳои моҳир ва ботаҷриба зарфҳои филиззи (тило, нуқра, мис, биринҷӣ ва ғайра)-ро сиёҳқалам накарда, якбора ба кандакорӣ шурӯъ менамуданд. Дар баъзе мавридҳо сиёҳқаламро пок намекарданд ва он маҳфуз мемонд (масҷиди Дари Шикоф, садаи XIX — аввали садаи XX, Хуҷанд). Намунаҳои барҷастаи гардапардозӣ дар меъмориҳои Истаравшану Исфараву Хуҷанд, Бухорову Марву Самарқанд, Балху Ҳирот ва ғ. дида мешаванд. Имрӯз низ наққошони Хуҷанд, Исфара, Истаравшан аз гарда васеъ истифода мебаранд.

  • Архитектурный орнамент Узбекистана. Ташкент, 1961;
  • Ремпель Л. И. Панжара. Ташкент, 1967;
  • Абуфазл Ҳубайши Тифлисӣ. Баён-ус-саноъат. М., 1976;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Рузиев М. Декоратино-прикладное искусство таджиков. Д., 2003;
  • دوست محمد هروی، حالات هنروران، قراچی ، 1936؛
  • قاضی احمد، کلستان هنر، تهران، 1345هـ. ش.؛
  • دائرة المعارف هنر، تهران، 1379 هـ. ش.ر