Jump to content

Гардиши мол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гардиши мол — раванди дар муомилот, хариду фурӯш ва гардиш қарор доштани мол.

Гардиши мол яке аз рукнҳои муҳимми муносибатҳои иқтисодии ҷомеа аст. Азбаски истеҳсолоти мол раванди муназзаму доимтакрорёбанда мебошад, ҳаракати мол бояд равишу мароми доимӣ дошта бошад. Дар ҳолати аз гардиш мондани мол дар истеҳсолот рахна пайдо шуда, зиддиятҳо тезутунд мегарданд, таъмини мардум бо мол душвор мешавад. Мол маҳсули кори барои мубодила таъйиншуда мебошад. Барои таъйиноти худро амалӣ намудан, мол бояд доимо дар гардиш бошад. Корхонаҳо, соҳибкорон ва шахсони алоҳида моли истеҳсолкардаро ба фурӯш мебароранд ва дар ҳолати ба талабот ҷавоб додан мол харидорӣ мешавад. Фоидаи корхонаву соҳибкорон танҳо дар натиҷаи ба фурӯш рафтани моли истеҳсолкарда ба даст оварда мешавад. Мақсади муҳимму ниҳоии истеҳсолкунандагони мол фурӯши воқеии он мебошад. Ба фурӯш нарафтани мол гардиши онро қатъ менамояд. Бинобар ин истеҳсолкунандагони мол бештар ба идома ёфтани Гардиши мол диққат медиҳанд. Бо ҳамин мақсад рекламаи мол, ташвиқу тарғиби он амалӣ мегардад. Пешрафти технология ва техника, ба миён омадани технологияи муосири коркарди маҳсулот барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли мол мусоидат менамоянд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳаҷми фурӯши мол ба сатҳи даромади аҳолӣ ва дараҷаи некӯаҳволии мардум вобаста мебошад. Дар сурати ба вуҷуд омадани зиддият байни раванди афзоиши ҳаҷми мол ва сатҳи даромади мардум фурӯши мол душвор мешавад. Суст ва қатъ гардидани раванди Гардиши мол метавонад ба сар задани ҳолати буҳрони иқтисодӣ мусоидат намояд. Гардиши мол-ро аз рӯйи нишондиҳандаи суръат ва афзоиши гардиш, ҳаҷми фурӯши мол муайян мекунанд.

  • Самуэльсон П., Нордхаус В. Экономика. М., 2005;
  • Исоматов Б. Асосҳои назарияи иқтисод. Д., 2006;
  • Исоматов Б., Маҳбубаи Мадмурод. Назарияи иқтисод. Д., 2012.