Jump to content

Гардиши савдои хориҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гардиши савдои хориҷӣ — маҷмӯи умумии содирот ва воридоти як кишвар ё гурӯҳи кишварҳо.

Гардиши савдои хориҷӣ дар давраи тақвимӣ (сол) бо нархҳои ҷорӣ ва ё нархҳои доимӣ ҳисоб карда мешавад. Мутобиқи муқаррароти СММ омори гардиши савдои ҷаҳонӣ ҳамчун маҷмӯи содирот ва воридоти тамоми кишварҳои ҷаҳон бо доллари ИМА ҳисоб карда мешавад. Гардиши савдои хориҷӣ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013-ум 5284,7 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,9 % зиёд буд. Дар панҷ соли охир (2008-12) Гардиши савдои хориҷӣ солона ба ҳисоби миёна 4342,8 млн доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар соли 2012 Гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2011 15,1 % афзоиш ёфт, нисбат ба соли 2008-ум 9,8 %, аз ҷумла афзоиши солонаи содирот 8,1 % ва воридот 17,9 %. Дар сохтори содирот ҳаҷми ашёи хом ва маҳсулот — филиззот, нахи пахта, неруи барқ ва меваю сабзавот бештар буд. Дар сохтори воридот ҳаҷми маҳсулоти саноати кимиё (гилхок), маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ (гандум, орд, ярма ва ғайра), мошинолоту таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт зиёд буд. Дар Гардиши савдои хориҷӣ саҳми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) 45 % ва кишварҳои дигар 55%-ро ташкил дод. Шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон Русия, Қазоқистон, Хитой, Туркия, Афғонистон, Эрон, ИМА, Туркманистон, Литва, Украина, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қирғизистон, Покистон, БелоРусия, Латвия ва Швейсария ба ҳисоб мерафтанд.

  • Внешнеэкономическая деятельность Республики Таджикистан. Д., 2013.