Jump to content

Гарди гул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гарди гул, гардак — маҳсули микроспораи рустаниҳои тухмдор. Гард шакли ғаметофити наринаро дошта, дар микроспорангия (нигар Спорангий) аз микроспораҳо ташаккул меёбад.

Таркиби гарди гул аз сафеда, равған, витаминҳо, аминокислотаҳои озод, намакҳои минералӣ, пигменту ҳормонҳо иборат аст. Дар таркиби гади гул ҳамчунин моддаҳои фаъоли биологӣ, бахусус ферментҳо ва каротиноидҳо мавҷуданд, ки барои гардолудӣ аҳаммият доранд. Занбӯри асал аз гарди гул мум (перга) тайёр мекунад. Гарди гули рустаниҳое, ки тавассути ҳашарот гардолуд мешаванд, часпаку калон ва спородермааш хушрангу хушбӯй аст. Гарди гул чанд рӯз қобили гардолуд кардани гул аст (мас., гарди гули нилуфар 60-65 рӯз, ҷуворӣ 2 шаборӯз ва ғайра). Бинобар ин, усулҳои гуногуни нигоҳдории гард мавҷуданд, ки ҳангоми гардолудкунии сунъӣ истифода мешаванд.