Гардпошак
Гардпошак — мошин ё дастгоҳ барои пошидани заҳрдоруҳои хока — офаткушҳо.
Бо гардпошӣ дарахту зироат аз касалӣ ва ҳашароти зараррасон муҳофизат шуда, ҳамчунин барги рустаниҳоро дар мавриди зарурат мерезонанд. Гардпошак тракторӣ ва дастӣ мешавад. Гардпошаки тракториро дар боғу токзор, киштзор ва бешазорҳо ба кор мебаранд. Гардпошаки сербари универсалии ОШХ-50 барои ба боғу токзор, буттазор, пахтазор, зироати хӯроки чорво, сабзавот ва дарахтони ҷангал пошидани дору пешбинӣ шудааст. Онро ба тракторҳои Т-25 А, Т-54 В, Т-40 АМ пайваст мекунанд. Аз бордон, редуктор, боддиҳак, мили гардпошӣ, рама ва ҳидросилиндр иборат аст. Паҳноии кораш — 50-80 м (дар як соат 5,6-6,4 км ҳаракат мекунад), маҳсулнокии насос — 160 л/дақиқа ва боддиҳак — 6000 м/соат, гунҷоиши бордон — 160 дм3. Хока аз бордон ба қутии омезиш гузашта, бо ҷараёни ҳавои боддиҳак ба берун пош мехӯрад. Бо чунин Гардпошак дар як соат ба 5 га боғ, 7 га токзор, 80 га киштзори зироат дору пошидан мумкин аст. Онро як нафар — тракторчӣ идора мекунад. Бо Гардпошаки дастӣ, ки нисбатан маъмул аст, ба қитъаҳои хурду душворгузар ва зери баргҳо дору мепошанд. Барои ин дӯлчаро бо доруи хока пур карда, сипас дастакро тоб медиҳанд. Дар натиҷа шнек ва боддиҳак ба ҳаракат медароянд. Дору аз сӯрохии поёнии дӯл ба боддиҳак дохил шуда, зери фишори баланди ҳаво аз лӯлаи резинӣ ба рустанӣ пош мехӯрад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кленин Н. И., Сакун В. А. Сельскохозяйственные и мелиоративные машины. М., 1994;
- Карпенко А. Н., Халанский В. М. Сельскохозяйственные машины. М., 2004.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гардпошак / Б. Аҳмадо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.