Гардҳорӣ Лаъли Фаррухободӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гардҳорӣ Лаъли Фаррухободӣ

Гардҳорӣ Лаъли Фаррухободӣ (форсӣ: گردهاری لعل فرخآبادی‎) — дабир (муншӣ), фарҳангнигори форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз осораш — «Ганҷу-л-луғот» (1762), «Фарҳанги дастуру-с-сибён» бармеояд, ки ба тадриси ҷавонон машғул будааст. Асарҳои дигараш: «Ганҷу-л-луғот» (фарҳанги тафсирии форсӣ ба форсист дар тафсири вожаҳои мушкили «Гулистон»-и Саъдӣ), «Баҳори дониш»-и Канбу, «Искандарнома»-и Низомии Ганҷавӣ, китобҳо барои омӯзиши забон – «Иншои Юсуфӣ», «Ни­собу-с-сибён» ва ғайра. Нусхаи дастнависаш маҳфуз дар китобхонаи Осафияи Ҳай­дарободи Дакан (№ 510). Дар «Фар­ҳанги дастуру-с-сибён» вожаҳои китоби дарсӣ – «Нисобу-с-сибён» тафсир шудаанд. Ба Гардҳорӣ Лаъли Фаррухободӣ инчунин асаре бо номи «Нодиру-л-иншо» дар фанни номанигорӣ нис­бат до­да мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلادش). جلد چهارم، بخش سوم. تهران،۱۳۸٠ ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]