Гармидиҳии буғӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармидиҳии буғӣ — шакли гармидиҳии мутамарказ, ки дар он буғ ҳамчун ноқили гармӣ истифода мегардад.

Буғ ба шабакаи гармидиҳӣ аз шабакаи таъмини гармӣ ё аз деги буғӣ, ки дар дохили бинои гармшаванда ё дар беруни он ҷойгир шудааст, интиқол меёбад. Вобаста ба фишори ибтидоии буғ гармидиҳии буғӣ вакуумию буғии фишораш нисбатан паст (аз 100 кН/м2 ё 1 кгқ/см2), фишораш паст (аз 100 то 170 кН/м2) ва фишораш баланд (аз 170 то 600 кН/м2) мешаванд. Дар шабакаи гармидиҳии буғӣ радиаторҳои гармидеҳ, конвекторҳо, қубурҳои рӯядор (қирадор) ва ҳамвор ҳамчун асбобҳои гармидиҳанда хидмат мерасонанд. Дар гармидиҳии буғӣ хусусияти бо буғ интиқол додани гармӣ истифода мегардад; конденсат (об)-и дар ин маврид ҳосилшуда тавассути интиқолдиҳанда ба деги буғӣ ё ба шабакаи мутамаркази таъмини гармӣ бармегардад. Вобаста ба ҷойгиршавии буғбарҳо нисбат ба таҷҳизоти гармидиҳанда ва тарзи пайвандшавии онҳо гармидиҳии буғӣ-и дуқубурдор ва якқубурдор мавҷуд аст. Камбудии асосии гармидиҳии буғӣ аз он иборат аст, ки асбобҳои гармидиҳанда хеле гарм шуда, танзими ҳарорати бино номумкин мегардад ва ҳангоми бо буғ пур шудан таҷҳизоти гармидиҳанда садо мебарорад. Ин тарзи гармидиҳӣ барои гарм кардани биноҳои иқоматӣ, муассисаҳои томактабиву таълимӣ, биноҳои маъмурӣ ва ғ. аз солҳои 30–40 садаи XX истифода намешавад. гармидиҳии буғӣ-ро дар биноҳои саноатӣ, ки равандҳои технологиашон ба истифодаи буғ вобаста буда, ба буғи истифодашуда эҳтиёҷ доранд, истифода бурдан мумкин аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]