Jump to content

Гармидиҳии конвективӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармидиҳии конвективӣ — навъи гармидиҳие, ки дар он гармӣ дар натиҷаи омехташавии ҳавои гарм ва сард (конвексияи ҳаво) интиқол дода мешавад.

Камбудии гармидиҳии конвективӣ фосилаи калони пасту баландшавии ҳарорат дар дохили бино (ҳарорати баланди ҳаво дар боло ва ҳарорати паст дар қисми поёни бино) ва ғайриимкон будани вентилятсияи ҳаво бе талафи энергияи гармо мебошад. Гармидиҳии конвективиро гармидиҳии ғайримустақим низ меноманд. Гармидиҳии конвективии биноҳо ва иншоот бо системаи гармидиҳии асбобҳои гармидиҳандаи амудӣ бештар маъмул аст.