Jump to content

Гармидиҳии обӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармидиҳии обӣ — тарзи нисбатан маъмули шабакаи гармидиҳӣ, ки дар биноҳои иқоматӣ, ҷамъиятӣ ва саноатӣ истифода мегардад; дар шабака гармӣ бо ёрии оби гарм (ҷӯшон) тавассути асбобҳои гармидиҳанда интиқол меёбад.

Шабакаи гармидиҳии обӣ аз дегҳои обгармкунанда, асбобҳои гармидиҳанда (радиаторҳо, конвекторҳо, пеналҳо, қубурҳои рӯядору ҳамвор ва ғайра), инчунин аз қубурҳо (трубопровод), зарфҳои васеъшаванда (барои қабул кардани оби аз гармӣ васеъшуда), арматураҳои танзимдиҳанда иборат аст. Шабакаҳои гармидиҳии обӣ-и ангезишашон табиӣ (дар он гардиши об аз ҳисоби фарқи ҳарорату зичиҳои оби дар деги гармкунанда гармшуда ва дар асбобҳои гармидиҳандаву қубурҳо хунукшуда ба амал меояд) ва ангезишашон механикӣ (дар он об асосан аз ҳисоби амали насоси даврзанандаи дар қубурҳо ҷойгиршуда, ки оби гармшударо ба деги обгармкунанда равона мекунад, ба гардиш медарояд) мавҷуданд. Азбаски дар шабакаи гармидиҳии обӣ ҳарорат вобаста ба ҳарорати берунӣ танзим карда мешавад, он ба талаботи санитарию гигиенӣ бештар ҷавобгӯ мебошад. Норасоии гармидиҳии обӣ дар он аст, ки баъди баровардани оби шабака (ҳангоми таъмир) танбаҳои ҳавоӣ пайдо мешаванд. Барои нест кардани танбаҳои ҳавоӣ ба шабака клапанҳои махсуси ҳавобарор пайваст менамоянд.