Гармидиҳии ҳавоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармидиҳии ҳавоӣ — шабакаи гармидиҳӣ, ки тавассути он бино бо ҳаво гарм карда мешавад.

Гармидиҳии ҳавоӣи ресиркулятсионӣ ё бозгардишӣ (ҳавои гарми истифодашуда барои истифодаи дуюмбора ба гармкунанда баргардонда мешавад) ва гармидиҳии ҳавоӣи вентилятсиядор (ҳаво қисман аз бинои гармшаванда ва қисман аз берун истифода мешавад) мавҷуд аст. Дар системаҳои муосири гармидиҳии ҳавоӣ калорифер ё генераторҳои гармдиҳанда истифода мегарданд. Ҳаворо дар системаи гармидиҳии ҳавоӣ бо роҳи табиӣ (аз ҳисоби фарқи ҳарорат ва зичиҳои ҳаво дар дохили бино) ё бо роҳи иҷборӣ ё сунъӣ (бо ёрии вентиляторҳо) интиқол медиҳанд. гармидиҳии ҳавоӣ бо агрегатҳои гармидиҳанда ва гармидиҳандаву вентилятсионии дар дохили биноҳои гармшаванда воқеъгардида, инчунин бо агрегатҳои марказӣ (барои гарм кардани чанд бино) ба амал бароварда мешавад. Афзалияти асосии гармидиҳии ҳавоӣ сарфи ками филиззот (аз ҳисоби истифода набурдани қубурҳои интиқолдиҳандаи гармӣ) мебошад.

Гармидиҳии ҳавоӣ аз замонҳои қадим, аз ҷумла дар Руми Қадим маъмул буд ва онро ҳипокауст (лот. hypocaustum — «аз фарш гармшаванда») меномиданд. Тарзи гармидиҳии ҳавоӣ дар асари меъмори Рум Марк-Витрувий Поллион «Даҳ китоб дар бораи меъморӣ» (асри 1 то м.) тавсиф дода шудааст. Он замон дар термаҳо (ҳаммомҳо) бо ёрии бухорӣ ҳавои берунӣ гарм шуда, дар долонҳои зери фаршу тарқишҳои девор давр мезад. Дар Швейтсия (Воуллерим) боқимондаҳои шабакаи содаи гармкунии фарш (ҳазорсолаи 4 то м.) ёфт гардидаанд, ки дар он ҳавои гарм тавассути долонҳо ба ҷойи зисти одамон интиқол меёфт. гармидиҳии ҳавоӣ дар қасрҳои асримиёнагии Олмон низ истифода мешуд, ки ҳангоми он ҳавои гарм аз тарқишҳои фарш ворид мегардид. Дар Русия гармидиҳии ҳавоӣро бори аввал солҳои 1487—1991 барои гарм кардани Қасри Грановитии Кремли Маскав истифода намудаанд. гармидиҳии ҳавоӣро бештар барои гарм кардани биноҳои саноатӣ, тиҷоратӣ, анборҳои калон ва гармхонаҳо ба кор мебаранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]