Гармии бухор
Зоҳир
Гармии бухор, гармии бухоршавӣ (буғҳосилшавӣ) — миқдори гармое, ки модда дар раванди мувозинатии изобарию изотермӣ барои аз ҳолати моеъ ба ҳолати газӣ гузаштан фурӯ мебарад (ҳамин миқдор гармӣ барои аз ҳолати газӣ ба ҳолати моеъ гузаштани модда ҷудо мешавад).
Гармии бухор яке аз навъҳои гармии гузариши фазавии ҷинси 1 мебошад. Гармии бухори хос (бо Ҷ/кг, ккал/кг чен мекунанд) ва Г. б.-и молярӣ (ченакаш Ҷ/мол) мавҷуд аст. Дар ҷадвал қиматҳои гармии бухор хос (Lбух)-и баъзе моддаҳо дар фишори муътадили атмосферӣ (760 мм сут. сим. ё 101325 Πа) ва дар ҳарорати ҷӯшиш tҷӯш оварда шудаанд.
МОДДА | Tҷ оС | Lбух
ккал. кг |
Ҷ/ кг |
Ҳидроген | -252,6 | 107 | 4,48∙105 |
Нитроген | -195,8 | 47,6 | 1,99∙105 |
Спирти этил | 78,4 | 216 | 9,05∙105 |
Об | 100 | 539 | 22,6∙105 |
Симоб | 357 | 69,7 | 2,82∙105 |
Сурб | 1740 | 204 | 8,55∙105 |
Мис | 2600 | 1150 | 48,2∙105 |
Оҳан | Қариб 3200 | 1460 | 61,2∙105 |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гармии бухор // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.