Гармича
Гармича | |
---|---|
Ихтисос | Family medicine |
МКБ-9 | 705.1 |
---|---|
DiseasesDB | 31431 |
MedlinePlus | 001966 |
eMedicine | / |
MeSH | D008883 |
Гармича, гармоб, арақобила — як навъ иллати пӯст.
Дар натиҷаи аз ҳад зиёд арақ кардан ва суст бухор шудани арақ ба амал меояд. Бештар дар кӯдакони ширмаку хурдсол ба мушоҳида мерасад. Ба инкишофи гармича тафсидани бадан ва гарм печондану гарм пӯшондани кӯдак мусоидат мекунад. Калонсолон ҳангоми бемориҳои сироятии шадид, гармбандӣ ва фарбеҳӣ гармича мебароранд. гармича шакли обилачаҳоро дошта, дар тамоми бадан ё қисми он (бештар дар тахтапушт, сурин, гардан, чинҳои пӯсти байни сурин, зери каш, дар чинҳои зери ғадуди сина, қадкашак) медамад. Агар гармича дер пояд, доначаҳо якҷо шуда, ба ҷароҳат (хусусан, дар чинҳои пӯст) табдил меёбанд. гармича-ро духтур табобат мекунад. Бартараф намудани омилҳое, ки гармича-ро ба вуҷуд меоранд, хеле муҳим аст. Сайругашт дар ҳавои тоза, шамол додани хона, истифодаи обзан (бо маҳлули перманганати калий), ба чинҳои пӯст пошидани хокаи талқ ва оксиди руҳ, молидани равғани офтобпараст ё маҳлули 1-фоизаи спирти салитсилат, омехтаи шароб бо оби ҷӯшида (ним ҳисса об, ним ҳисса арақ) аҳаммияти калон дорад.
Дар фаслҳои гарми сол бояд либоси пахтагин пӯшид. Нигоҳубини дурусти бемори бистарӣ омили муҳимми пешгирии гармича мебошад (таҳпӯши ӯро зуд-зуд иваз карда, ба баданаш маҳлули 1-2-фоизаи спирти салитсилат ё борат, лосёни спиртдор молидан лозим). Ба кӯдакони хурдсол либоси бисёр пӯшондан ё онҳоро сахт парпеч кардан ҷоиз нест; ҳамчунин ваннаҳои ҳавоӣ ва обӣ муфид аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Детские болезни. Новейший справочник. М., 2004;
- Елиневская гармича Ф. Заболевания у новорожденных детей. Минск, 2004;
- Савельева Ю. Детские болезни. М., 2005.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гармича / К. Исмоилов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.