Гармишифоӣ
Гармишифоӣ, термотерапия — муолиҷа бо гармӣ.
Дар гармишифоӣ аз гармкунак, гармибандӣ, обзанҳои гарм, ваннаҳои офтобӣ, афканишоти ионзо, душ, лойқаи гарм, парафин, озокерит, реги тафсон, барқ ва амсоли инҳо истифода бурда мешавад. Дар натиҷаи таъсири гармӣ гардиши хун беҳтар шуда, моддаҳои фаъоли биологӣ бештар ҳосил мегарданд. Гармӣ мубодилаи моддаҳоро тақвият дода, дардро кам ва ба сабзиши бофтаҳо мусоидат мекунад. Гармишифоӣ (хусусан, гармишифоии умумӣ) бояд эҳтиёткорона амалӣ карда шавад. Ҳангоми гармишифоӣ вазъияти бемор ва синну соли ӯ, ҳамчунин, бемориҳои «ҳамсафар»-ро ба эътибор гирифтан лозим аст. Духтур гармишифоиро дар аснои бемориҳои силсилаи асабҳои канорӣ, узвҳои дарун, дастгоҳи такяву ҳаракат, узвҳои таносули занҳо, амрози пӯст таъйин мекунад. Худсарона табобат кардан бо гармӣ хавфнок аст, зеро бемориҳои дилу раг ва хунравиро вазнин мегардонад. Қабл аз гармишифоӣ ва баъди он 15 дақ. истироҳат бояд кард. Дар ҳавои сард баъди гармишифоӣ ҳатман либоси гарм бояд пӯшид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Федоренко Н. А. Немедикаментозное лечение. М., 2005;
- Лечение и профилактика болезней суставов. М., 2006.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гармишифоӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.