Гармозанӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармозанӣ — беморгунае, ки дар натиҷаи сахт тафсидани бадан падид меояд.

Сабаби гармозанӣ кор дар сехҳои гарм, роҳгардии тӯлонӣ дар зери офтоб, пӯшидани либосҳои ҳавоногузар ва ғ. аст. Дар натиҷаи беҳад тафсидани бадан аз андомгон оби бисёр хориҷ шуда, хун ғафс мегардад, мувозанати намак халал меёбад. Маъмулан гармозаниро бо офтобзанӣ яке медонанд, ҳол он ки офтобзанӣ нишонаҳои дигар дорад.

Аломатҳои асосии гармозанӣ: сурх шудани рӯй ва пӯсти бадан, беҳолӣ, арақи сард, васеъшавии гавҳараки чашм, оруғ, хоболудӣ, сиёҳӣ задани пеши чашм, хунравӣ аз бинии кӯдакон, табу тафс (то 40°С). Оқибатҳои ногувори гармозанӣ беҳушӣ, дилбеҳузурӣ ва сарду кабудтоб шудани пӯст мебошанд. Гармозаниро одамони солхӯрда ва кӯдакон, инчунин ашхоси гирифтори бемориҳои ғалаёни хун, камхунии дил (ишемия) ва лоғарандом хеле вазнин паси сар мекунанд.

Ҳангоми гармозанӣ то омадани духтур беморро дар ҷойи сояву шамолрас хобонда, ба сар, паҳлуи гардан, зери бағал ва қадкашак ях ё оби сард мегузоранд. Беморро бараҳна карда бо ҷойпӯши тар печонидан низ муфид аст (буғ шудани об ҳарорати баданро паст мекунад). Ба зарардида нӯшонидани оби сард (беҳтараш маҳлулҳои махсуси намакин, мас. регидрон) ва бӯидани спирти навшодир муҳим аст. Барои пешгирӣ аз гармозанӣ рӯзҳои гарми офтобӣ ё зери офтоби тез кор кардан (аз соати 11.00 то 16.00) лозим нест. Ба сар гирифтани чатр ё пӯшидани кулоҳ, нӯшидани об (1,5-2 л), алалхусус морс, квас ва чойи гарм, кушодани тирезаҳо, истифодаи боддиҳак ва кондитсионер муфид аст. Аз пурхӯрӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ кардан лозим аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]