Гармои гудозиш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гармои гудозиш — миқдори гармое, ки модда дар раванди мувозинатии изобарию изотермӣ барои аз ҳолати сахт (кристаллӣ) ба ҳолати моеъ гузаштан фурӯ мебарад (ҳамин миқдор гармо барои аз ҳолати моеъ ба ҳолати сахт гузаштани модда ҷудо мешавад).

Гармои гудозиш яке аз навъҳои гармои гузариши фазавии ҷинси 1 мебошад. Гармои гудозиши хос (бо Ҷ/кг, ккал/кг чен мекунанд) ва гармои гудозиши молярӣ (ченакаш Ҷ/мол) мавҷуд аст. Дар ҷадвал қиматҳои гармои гудозиши хос (Lгуд)-и баъзе моддаҳо дар фишори муътадили атмосферӣ (760 мм сут. сим. ё 1013,25 г Па) ва дар ҳарорати гудозиш tгуд оварда шудааст.

МОДДА trуд, оС trуд

ккал/кг

Lгуд

Ҷ/ кг

Ҳидроген -259,1 13,89 58 200
Нитроген -209,86 6,09 25 500
Симоб -38,89 2,82 11 800
Ях 0 79,4 333 000
Қалъагӣ 231,9 14,4 60 300
Сурб 327,4 5,89 24 700
Мис 1083 48,9 205 000
Оҳан 1539 65 272 000

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]