Гармои гузариши фазавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармои гузариши фазавӣ — миқдори гармое, ки ҳангоми гузариши мувозинатии изобарию изотермӣ барои аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани модда (гузариши фазавии ҷинси I – ҷӯшиш, гудозиш, кристаллбандӣ, табодули полиморфӣ ва ғайра) ба он додан ё аз он хориҷ кардан зарур аст.

Барои гузаришҳои фазавии ҷинси II гармои гузариши фазавӣ ба сифр баробар мебошад. Гузариши мувозинати фазавӣ дар фишори додашуда ҳангоми доимӣ будани ҳарорат – ҳарорати гузариши фазавӣ ба амал меояд. Гармои гузариши фазавӣ ба ҳоси-ли зарби ҳарорати гузариши фазавӣ бар фарқи энтропияҳои ду фаза, ки дар байни онҳо гузариш ҷараён мегирад, баробар аст. Гармои гузариши фазавӣ хос ва молярӣ мешавад, ки мувофиқан ба 1 кг ва 1 мол модда мансубанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]