Гармои сӯзиш
Гармои сӯзиш — қобилияти гармоофарӣ, гармоофарандагӣ, гармоистеҳсолкунандагӣ, калориянокӣ, миқдори гармое, ки ҳангоми тамоман сӯхтани сӯзишвории сахт, моеъ ё газмонанд хориҷ мешавад; бо ҷоул ё калория чен мекунанд.
Гармои сӯзиш поёнӣ ва болоӣ, хос ва ҳаҷмӣ мешавад. Гармои сӯзише, ки ба воҳиди масса ё ҳаҷми сӯзишворӣ нисбат дорад, гармои сӯзиш-и хос (кҶ/кг, ккал/м3) номида мешавад. гармои сӯзиш нишондиҳандаи муҳимтарини иқтидор (қимати ҳақиқӣ)-и сӯзишворӣ аст, зеро он миқдори гармоеро муайян мекунад, ки ҳангоми сӯхтани 1 кг сӯзишвории сахт ё моеъ ё 1 м3 сӯзишвории газмонанд (дар кҶ/кг ё ккал/кг) ҳосил мешавад. Гармои сӯзишро бо калориметр чен мекунанд. Агар оби таркиби сӯзишворӣ ҳангоми сӯхтани ҳидрогени сӯзишворӣ дар шакли моеъ ҳосил шавад, гармои сӯзиш болоӣ (Ԛб) ва агар об дар шакли газ ҷудо шавад, гармои сӯзиш поёнӣ (Qп) мешавад. Гармои сӯзиши болоӣ ва поёнӣ ба ҳам бо таносуби: Qп=Ԛб — K (W + 9H) вобастаанд, ки дар ин ҷо K — зариби баробари 25 кҶ/кг (6 ккал/кг), W — миқдори оби сӯзишворӣ, % (аз рӯйи масса), Н — миқдори ҳидружени сӯзишворӣ, бо % (аз рӯйи масса) мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гармои сӯзиш / С. Табаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.