Гармоника

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармоника ( русӣ: гармон, русӣ: гармошка) (юн. ἁρμονικός) — сози мусиқии нафасиест, ки дар як қатор кишварҳо (аввал дар Хитой, баъдтар дар Ғарбу Русия – садаи XIX) паҳн гардидааст. Гармоника мисли баян аз ду қуттича иборат буда, қуттичаҳо бо дам ба якдигар пайваст карда шудаанд. Дар клавиатураи дасти рости гармон 23 забонакҳои филизӣ (дар ду қатор) ва дасти чап 12 тугмачаҳо мавҷуданд.

Дар байни ҳама намуди гармоникаҳо, Гармоникаи русӣ бо созаш, ки ба оҳангҳои халқӣ мувофиқ аст, фарқ мекунад. Вале мутаасифона, Гармоника аз с.- ҳои 60-уми асри XX инҷониб якқадар аз байн дур шуда монд (ҷои онро баян танг кард). Бо вуҷуди ин Гармоника ҳоло ҳам барои мардуми деҳот дар Федератсияи Русия қимати худро тамоман гум накардааст.[1]

Гармоникаи дастӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Гармоникаи дастӣ - аз оилаи сершумори гармоникаҳо мебошад. Нигаред:

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.94. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)