Jump to content

Гармочандирият

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармочандирият — фасли механикаи ҷисми деформатсияшаванда (шаклтағйирдиҳанда)-и сахт, ки вобастагии байни шиддатҳо, майдонҳои деформатсия ва ҳароратро омӯхта, дар асоси термодинамикаи равандҳои барнагарданда назарияи чандирият ва назарияи гармигузарониро ба ҳам алоқаманд менамояд.

Ҳарорати ҷисм на танҳо зери таъсири гармии манбаъҳои берунӣ, балки дар натиҷаи деформатсия низ тағйир меёбад. Усулҳои математикии ҳисобу китоби шиддатҳо ва деформатсияҳои ҳароратӣ дар асоси гармочандирият омода гардида, дар таҳияи лоиҳаи мошину сохторҳое, ки дар реҷаҳои гуногуни ҳарорат кор мекунанд, васеъ истифода мешаванд. Ҳангоми номунтазам гармшавии ҷузъи дастгоҳҳо хосиятҳои физикию механикии онҳо тағйир ёфта, градиенти ҳароратии бавуҷудомада боиси васеъшавии ҷузъҳо мегардад. Ин ҳолат дар навбати худ шиддати ҳароратиро ба вуҷуд меорад, ки ба устувории сохтори дастгоҳ таъсир мерасонад. Шиддати гармӣ якҷо бо шиддати механикӣ боиси дар ҷузъҳои дастгоҳ пайдо шудани тарқишҳо ва мӯртшавии онҳо мегардад. Равандҳои гармочандирӣ дар асоси қонунҳои термодинамикӣ омӯхта мешаванд, мас., физики англис, яке аз асосгузорони термодинамика К. У. Томсон (1855) аввалин шуда қонунҳои термодинамикаро барои омӯзиши хосиятҳои ҷисми чандир истифода бурдааст. Физикҳои шӯравӣ Л. Д. Ландау ва И. М. Лифшис (1953) бо ёрии усулҳои термодинамикаи классикӣ муодилаҳои гармочандирият-ро ҳосил намудаанд.