Гармсел
Гармсел — боди тафсону хушки ноҳияҳои иқлимашон хушк.
Гармселро дар Миср «хамсин», дар Алҷазоиру Тунис ва Ситсилия «сирокко», дар Испания «левеге», дар Арабистон «самум» меноманд. гармселбодест, ки ҳарораташ баланд ва нами нисбиаш паст буда, аксар вақтҳо бо суръати муътадил (6–9 м/с) ё сахт (10–20 м/с) мевазад. Ҳангоми вазидани гармселрӯзона нами нисбии ҳаво 30% (баъзан то 5%) паст фуромада, ҳарорати ҳаво ба 25–30°С (баъзан то 40°С ва аз ин ҳам баландтар) мерасад. Дар натиҷаи ҳарорати баланди гармселоби хок ва обанборҳо босуръат бухор мешавад. Аз гармселзироати кишоварзӣ бештар зарар мебинад. Аз таъсири гармселнизоми обу мубодилаи моддаи рустанӣ вайрон шуда, мехушкад. Рустаниҳои ноҳияҳои иқлимашон хушк ба гармселтобоваранд.
Ҳарорати баланд ва намии пасти ҳаво ҳангоми гармселнатиҷаи гармшавии массаи ҳавои арктикӣ дар сатҳи сахт тафсидаи замин ва камшавии ҳаракати ҳаво дар антисиклонҳо мебошад. гармселдар биёбонҳои Африқо, Осиёи Хурд ва Осиёи Марказӣ (аз ҳаракати ҳавои тафсони Қизилқуму Қароқум) ба вуҷуд меояд. гармселдар ноҳияҳои марказии Русия, Сибири Ғарбӣ, Қазоқистон, ҷануби Украина, Тоҷикистон (асосан дар ноҳияҳои гурӯҳи ҷанубу шимол ва марказӣ) мевазад. Усулҳои муҳимми пешгирии Гармсел: бунёди бешазори муҳофиз, обёрии дашту биёбон, борони сунъӣ ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Суховие, их происхождение и борьба с ними. М., 1957;
- Чанышева С. Т. Местные ветры Средней Азии. М., 1966;
- Бурман Э. А. Местные ветры. Л., 1969.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гармсел // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.