Гарник Асатрян

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСОТРЯН, Асатрян Гарник Серобович (тав. 07.03.1953, Теҳрон), шарқшинос ва фолклоршиноси арман, доктори илмҳои филология (1991), профессор (1992). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ереван (1976). Дар Институти шарқшиносии Академияи миллии Арманистон (1984–1989), Донишгоҳи давлатии Ереван (1992–1993) кор кардааст. Сардабири маҷаллаҳои илмӣ-байналмилалии «Эроннома» (1993), «Акта курдика» (1994), «Эрон ва Қафқоз» (1996) (дар онҳо мақолаҳои илмии олимони тоҷик низ ба табъ расидаанд) буд. Аз соли 2006 Президенти Донишгоҳи байналмилалии Ориё (Arya). Оид ба забонҳои бостонии гурӯҳи эронӣ: форсии миёна, суғдӣ; забонҳои муосири эронӣ: курдӣ, заза, лурӣ, габрӣ, кошонӣ, тоҷикӣ; фолклор, дин, таърих, мардумшиносӣ; робитаҳои фарҳангии мардуми арман ва дигарон мардумони эронитабор таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст. Ба Ҷумҳурии То­ҷикистон омада дар анҷуманҳои илмӣ байнал­милалии «Анҷумани мутолиоти ҷомеаҳои форсизабон» (2002), «Тамаддуни ориёӣ» (2006) иштирок ва суханронӣ намудааст. Асарҳои Асотарян ба забонҳои англисӣ, русӣ, арманӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, форсӣ, туркӣ, курдӣ чоп шудаанд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

/ Р. Раҳмонӣ.