Гаршоспнома
Унвони мақола | форсӣ: گرشاسپنامه |
---|---|
Жанр | epic poem[d] |
Нависанда | Асадии Тӯсӣ |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | форсӣ |
«Гаршоспнома» (форсӣ: گرشاسپنامه) — асари Асадии Тӯсӣ, ки аз адабиёти шифоҳии Эрони куҳан манбаъ гирифтааст.
Ин достонро дар адабиёти форсии нав (пас аз истилои араб) бори нахуст Абулмуайяди Балхӣ дар «Шоҳнома»-и мансури хеш қаламдод кардааст, ки бо номи «Китоби Гаршосп» шуҳрат дорад. Мусаннифи «Таърихи Сиистон» аз «Китоби Гаршосп» воқеъаҳои аҷоибро нақл менамояд, ки онҳо бо «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ басо шабоҳат доранд. Дар «Таърихи Сиистон» омада, ки «...аммо бино кардани Сиистон бар дасти Гаршосп ибни Асрат... буд». Айни маънӣ дар «Гаршоспнома» омадааст. Асадӣ «Гаршоспнома»-ро пас аз 58 соли таълифи «Шоҳнома», солҳои 1064–66 дар пайравӣ ба Абулқосими Фирдавсӣ ва дар заминаи сарчашмаҳои куҳан, матнҳои бостонии паҳлавию «Китоби Гаршосп» эҷод намудааст. Ӯ мегӯяд:
Ба «Шаҳнома» Фирдавсии нағзгӯй,
Ки аз пеши гӯяндагон бурд гӯй.
Басе ёди разми ялон карда буд,
Аз ин достон ёд н-оварда буд.
Ниҳоле буд ин руста ҳам з-он дарахт,
Шуда хушку бебору пажмурда сахт.
Ман акнун ба табъам баҳор оварам,
Мар ин шохи навро ба бор оварам!
Забеҳуллоҳи Сафо шумораи абёти онро аз 7 то 10 ҳазор гуфтааст, аммо нусхаи мунташиркардаи Ҳабиби Яғмоӣ (Теҳрон, 1938) 8850 байтро дар бар гирифтаааст. «Гаршоспнома» ба ҳокими Нахҷувон, Абудулафи Дайронӣ эҳдо шудааст. Он дар баҳри мутақориб (ҳамчун «Шоҳнома») буда, шомили 145 боб аст ва ҷузви беҳтарини осори ҳамосии форсӣ ба шумор меравад. Мавзӯи ин китоб достони паҳлавонест бо номи Гаршосп, ки бинобар ривоятҳо, падари Наримон, ниёи Рустами Дастон буда, дар Ҳинду дигар сарзаминҳо размҳо карда, номовар шудааст. Дар достон шоҳону сипаҳсолорон, лашкару лашкариён ва мардуми ғайринизомӣ аз табақаҳои мухталифи ҷомеа дар саҳнаҳои мухталифи зиндагӣ — дар размгоҳҳову базмгоҳҳо, дар фазои гоҳ амну обод ва гоҳе ҷангу пархош ва низ дар партави саргузаштҳои дилангези ишқӣ ба ҷилва омадаанд. Аз ҷумла, моҷарои ишқи духтари Зобулшоҳ бо Ҷамшед ҳусни оғози ин достон гардида, бо тавсифи Ҷамшед, ҳафт пушти Гаршосп ёдоварӣ мешавад. Дар достон бо подшоҳии Асрат, падари Гаршосп, дар Зобулистон, воқеаҳо драматикию зинда тасвир ёфтаанд. Паҳлавононе ҳамчун Гаршосп, Наримон, Сом, Озармон, Бурза, Арфаш, Меҳёр, Сунбон, Нӯшвон, Гурдоб, Ҳижабр, Гироҳун, Митар, Тупол, Тев, Ибтар, Ҷангова, Катро, Такинтош, Зардода, Ҷармос, Қубод — аз авлоди шоҳ Фаридун, Қубод- писари Коваи Оҳангар ва низ симои шоҳону ҳокимон Заҳҳок, Асрат, Меҳроҷ — шоҳи Ҳинд, қайсари Рум, шоҳи африқоӣ, шоҳи Ганҷа, Қитор — шоҳи Лоҳита, Юғур — шоҳи тотор, ҳокими шаҳри Балхи Бомӣ, фағфури Чин, Фаридуншоҳ, шоҳи Кобул, симои Коваи Оҳангар, симои занон, аз ҷумла ҳамсари Ҷамшед — духтари шоҳи Зобул ва дояи ӯ, ҳамсари Гаршосп — духтари қайсари Рум, хонуми бозаргони румӣ, зану духтари шоҳи Кобул, ки пас аз пирӯзии Гаршосп бар кобулиён хостанд ӯро заҳр дода бикушанд, арӯси Наримон — духтари ҳокими Балхи Бомӣ басо мумтозона офарида шудаанд. Дар пайванд бо равиши ҳодисаву воқеъаҳо, ки дар «Гаршоспнома» тасвир ёфтаанд, симои зоҳиру ботинии қаҳрамонони асар ҳамдигарро такмил кардаанд. Паҳлавонону размоварон ба зоҳир таҳамтану кӯҳпайкаранд, аммо шоҳон бо либосҳои фохираву зарандуд мағруру худбин, занон бо сурату сирати зебо ва ахлоқи наку пойбанди иҷрои вазифаи модарӣ мебошанд. Бо он ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз корномаи Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун, Коваи Оҳангару писари 18-уми ӯ Қубод сухан кардааст, Асадӣ дар «Гаршоспнома» аз такрори гуфтаҳои ӯ парҳез карда, ин образҳоро мувофиқи завқу салиқаи хеш ба қалам медиҳад. Агар Фирдавсӣ достони моҷарои Заҳҳоку Коваи Оҳангарро муфассал баён дошта бошад, Асадӣ танҳо бо ишорае ба он иктифо мекунад, аммо бархилофи Фирдавсӣ ӯ ба Ҷамшеду авлодаш, то зода шудани Гаршосп бештар таваҷҷуҳ намудааст. Асадӣ лаҳзаи дастгир шудан ва поёни умри Заҳҳокро чун Фирдавсӣ ба кӯҳи Дамованд мепайвандад, то ҳақиқати ин достонро нигаҳ дорад. «Гаршоспнома» асосан ба паҳлавонӣ, ҷавонмардӣ ва пирӯзмандии Гаршосп бахшида шудааст; Асадӣ бо офаридани ин симо масоили зиёди фалсафию иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва тарбиявию ахлоқиро пеш мегузорад, ки ин ақоиди наку имрӯз низ аҳаммияти хешро ҳифз кардаанд. Муаллиф дар «Гаршоспнома» донишу хирад, омӯзишу пажӯҳиш ва одобу ахлоқи ҳамидаро сутуда, хислатҳои зишти инсониро мазаммат намудааст. Чунончи:
Ғами он касе хӯрдан ойин бувад,
Ки ӯ бар ғамат низ ғамгин бувад.
** *
Маёсой аз андешаи гунагун,
Ки дониш аз андеша гардад фузун.
** *
Ба сад сол як дӯст ояд ба даст,
Ба як рӯз душман тавон кард шаст.
** *
Киро нест дар дӯстӣ ростӣ,
Бияфкан ту аз гарди ӯ остӣ.
** *
Зи захми синон беш захми забон,
Ки ин тан кунад хаставу он равон.
«Гаршоспнома»-ро Г. Ҳуарт (1926) ва Ҳ. Массе (1953) ба фаронсавӣ тарҷумаву нашр кардаанд. Бархе аз бобҳои он низ ба забонҳои русӣ, ҳиндӣ, англисӣ ва олмонӣ баргардон шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асадии Тӯсӣ. Ҳикоёт ва ҳикматҳо аз «Гаршоспнома». Д., 2007;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- دکتر محمد رضا راشد محصل. پرتوهایی از قران و حدیث در ادب فارسی. مشهد، ۱۳۸۰ ش.؛
- حسن انوری. فرهنگ فشرده سخن. تهران، ۱۳۷۵ ش؛
- صفا، ذبیحالله. تاریخ ادبیات ایران جلد۱ (خلاصهٔ جلد اول و دوم تاریخ ادبیات در ایران. (چاپ بیستم. تهران: ققنوس، 1381 ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гаршоспнома / А. М. Хуросонӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.