Гастон Виет
фр. Gaston Wiet | |
Таърихи таваллуд | 18 декабр 1887[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 20 апрел 1971[2][3][4][…] (83 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | шарқшиносӣ[6], Тарҷума[6], муассисаи омӯзиши олӣ[6] ва осорхона[6] |
Ҷойҳои кор | |
Шогирдон | Jean David-Weill[d] |
Ҷоизаҳо |
Гастон Виет (фр. Gaston Wiet; 18 декабри 1887, Порис — 20 апрели 1971, ҳамон ҷо) — шарқшиноси фаронсавӣ. Мутахассиси забон, адабиёт, таърих ва ҷуғрофияи араб.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Донишгоҳи Қоҳира аз адабиёти араб дарс медод ва мудири Осорхонаи ҳунарҳои исломӣ дар он шаҳр буд (аз 1926). Аз соли 1951 дар Коллеҷ де Франс кор мекард ва аз соли 1957 ба ҳайси узви Фарҳангистони катибаҳои Фаронса фаъолият менамуд.
Таҳқиқот
[вироиш | вироиши манбаъ]Гастон Виет муҳаққиқи адабиёти арабӣ (китоби «Мадхали адабиёти арабӣ», 1966), ношир ва тарҷумони осори таърихӣ ва ҷуғрофиёи арабӣ (чоп ва тарҷумаи фаронсавии «ал˗Мавоизу˗л˗эътибор»˗и Мақризӣ; тарҷумаи асари ҷуғрофиёи «ал˗Булдон»˗и Ибни Возеҳи Яъқубӣ ва ғайра) мебошад. Забони форсиро медонист, аз таърихи Эрон, адабиёту фарҳанги он огоҳӣ дошт ва дар ин бобат таҳқиқоти ҷолибу арзанда дорад, ки дар рисолаи «Қайдҳо роҷеъ ба рӯзгор ва осори Анри Массе» (1970) ҷамъбаст гардидаанд. Гастон Виет дар ин рисола оид ба хидмати А. Массе дар омӯзиши «Шоҳнома», тарҷумаи он ба забони фаронсавӣ, андешаҳову назари худро оид ба Фирдавсӣ (дарёфти ҳаммонандӣ байни шеъри Фирдавсӣ ва шоири Юнони Бостон — Горатсий) ва «Шоҳнома» иброз доштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ база данных Léonore (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 Annuaire prosopographique : la France savante / зери таҳрири B. Delmas, R. Mathis — 2009.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Свидетельство о рождении — С. 3.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 6.4 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Свидетельство о смерти — С. 3.
- ↑ Список профессоров Коллеж де Франс
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шокир Мухтор. Адабиёти тоҷик дар Франция. Д., 1985;
- دانشنا مۀ دانش گستر. جلد هفدهم، تهران، 1389 هـ. ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Виет Гастон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.