Гастроскопия
Зоҳир
Га̀строскопи́я (аз юн.-қад. γαστήρ — «меъда» ва σκοπέω — «мебинам»); номи аниқтараш — эзофагогастродуоденоскопия (ЭГДС) — муоинаи девораи даруни меъда ба воситаи асбоби махсус — гастроскоп.
Гастроскоп ба меъда аз даҳону сурхрӯда ворид карда мешавад. Гастроскопияро духтури мутахассис бо мақсади ташхиси бемориҳои меъда (реш, қарҳа — эрозия, илтиҳоб, омос) ва ошкор намудани манбаи хуншорӣ анҷом медиҳад. Гастроскоп найчаи нарм, линза ва чароғак дорад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гастроскопия // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.