Гаттерия
Гаттерия | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Sphenodon.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Sphenodon punctatus (Gray, 1842) | ||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||
|
Гатте́рия, ё туата́ра (лот. Sphenodon punctatus) — ягона ҷонвари хазандаи қадимӣ.
Ҳамҷинсони гаттерия дар давраи триас (тақр. 225 млн сол қабл) зиндагӣ кардаанд. Мансуби зерсинфи хазандаҳои минқорсар аст. Муҳраҳои аррапушти гаттерия амфитселӣ (аз ду ҷониб фурӯрафта) буда, ду ҷуфт чуқураки чакка ва ду ҷуфт камонаки ҷумҷума дорад. Устухони чоркунҷаи ҷумҷумаи гаттерия беҳаракат аст.
Гаттерия дар дил ҷавфи варидӣ (чун моҳиҳо) дошта, зоҳиран калтакалоси азими калонсару панҷадорро мемонад. Дарозиаш то 76 см. Дар тахтапушт ва думи гаттерия аз пулакчаҳои секунҷа шонаи секунҷаи начандон баланд рӯидааст. Рангаш зарди сабзтоб. Гаттерияҳо то омадани аврупоиҳо дар ҷазираҳои Зеландияи Нав бисёр буданд. Ҳоло фақат дар мамнуъгоҳҳои 13 ҷазирачаи халиҷи Пленти мавҷуданд. Гаттерия дар зери замин то умқи 1 м зиндагӣ мекунад. Ҷонвари шабгард буда, ҳашарот ва дигар ҳайвонҳои бемуҳраро мехӯрад. Моҳи январ ҷуфт шуда, октябр – декабр модинааш 8–15 дона тухм мегузорад. Инкишофи ҷанин 12–15 моҳ давом мекунад. Дар 15–20-солагӣ ба балоғат мерасад. То 100 сол (дар шароити сунъӣ то 50 сол) умр мебинад. Қаблан ақидае роиҷ буд, ки гаттерияҳо фақат як навъ доранд, вале соли 1989 профессор Университети Виктория (Веллингтон) Ч. Догерти дар ҷазираи Бразер навъи дигари он – туатара (S. guntheri)-ро ошкор сохт. Ба Китоби сурхи байналмилалии ҳифзи табиат дохил карда шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гаттерия // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.