Jump to content

Гачкорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гачкорӣ (форсӣ: گچکاری‎) — навъи хеле маъмули ҳунари ороишиву амалӣ, ки дар пардози дохилу беруни биноҳои маъмурӣ истифода мешавад.

Ҳунари гачкорӣ назди ниёкони тоҷикон аз аҳди бостон чун навъи баргузидаи ҳунари ороишии муҳташам ба дараҷаи равнақ расида будааст. Намунаҳои олии он дар кӯшку кохҳои бостонии Ҳайратон (Тирмиз), Афросиёб (Самарқанд), Истаравшан, Варахша (Бухоро), Ҳулбук (Кӯлоб), Панҷакент, Тахти Сангин ва ғ. ба назар мерасанд. Аз ҳафриёти Варахша ва чигунагии нақшҳо (нақши барҷастаи дарахтон, ҳайвонот, зани мурғтан ва ғайра) бармеояд, ки гач масолеҳи сохтмониву ороишии пурбаҳост. Устои гулдаст қодир аст онро ба ҳар шакл дарорад. Бино ба маълумоти ҳафриёти Ҳулбук ва боқимондаи пораҳои ҷузви иморат, устоҳои қадим тасвири ҳайвонот, мурғ, моҳӣ, хӯшаи ангур, гули себарга, ситора, доира, мусаллас, мураббаъ, хатти морпеч ва навиштаҷоти хатти арабиро афзал медонистаанд. гачкорӣ дар замони Ҳахоманишиёну Сосониён ва Сомониён хеле рушд карда, дар коху кӯшкҳо анвои гуногуни ин ҳунарро ба кор мебурданд. Навъҳои гуногуни гачкорӣ дар асрҳои 9-12 бештар дар панҷара, нақшҳои барҷаставу фурӯхамида (нижвон, арақа, шурфа) ба назар мерасанд. Дар аҳди Темуриён (асрҳои 13-15) кандакории гач ба дараҷаи такомул расид. Ин ҳунар дар сохмони хонаҳои иқоматӣ, масҷиду мадрасаҳо ва мақбараҳо фаровон истифода мешуд. Зимни ҳунари гачкорӣ дар сохтмонҳо навъи беҳтарини гач — «гулгач»-ро ба кор мебурданд. Устоҳои тоҷик офаридани гачлавҳаҳои музайяну мунаққашро, ки дар онҳо гулдаставу дарахт тасвир меёфт ва Дарахти мунаббат ном дошт, такмил додаанд. Махсусан бухори (оташдон)-ҳои гачкоришуда басо маъмул шуданд. Анъанаи ҳунари гачкорӣ дар масири таърих такмил ёфта, усулҳои устувори техникию ороишӣ пайдо кард. «Заминкор» (дар сатҳи ҳамвор буридани нақш), «Лӯлапардоз» (ба шакли тухм ва лӯла ҷой додани нақшҳои ислимӣ ва гиреҳ — нақши барҷаста), «Пахтапардоз» (кофта ва бурида гирифтани қисмҳои охири гач — нақши бурида), «Табақпардоз» (анвои нақши нафису усулан мураккабсохти рустаниҳо), «Чокапардоз» (кандакории дуқабата, яъне, мобайни нақшҳо нисбатан умқӣ бурида мешаванд — нақши фурӯрафта, фурӯхамида) ва ғ. аз намунаҳои услуби ин навъи санъатанд.

Ҳунари гачкорӣ дар замони шӯравӣ дар ороиш ва пардози меъмории иморатҳои маъмурӣ ва фарҳангию маърифатӣ (чойхона, фарҳангсароҳо, китобхонаҳо ва ғайра), манзилҳои иқоматӣ маъмул буд. Ороиши Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии академии драмавии тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, меҳмонхонаи «Тоҷикистон», Кохи Ваҳдат, чойхонаҳои «Роҳат»-у «Саодат» ва ғ. (Душанбе), Кохи Арбоб ва Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ (Хуҷанд), Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ (Панҷакент), чойхонаҳои «Ором»-у «Лола»-и Исфара ва дигар иморатҳои ҷумҳурӣ аз намунаҳои беҳтарини ин навъи ҳунаранд. Имрӯз ҳунари гачкорӣ пурвусъат идома ёфта, шеваҳои муассири он дар иморатҳои Қасри Миллат, Кохи Сомон, Кохи Истиқлол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, даромадгоҳи Боғи Ирам, чойхонаҳои «Хуррамшаҳр» (Данғара) ва «Хоруғ», мақбараи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва ғ. истифода шудаанд. Ҳоло дар иморатҳои маъмурию фарҳангӣ ва иқоматӣ гачандова васеъ истифода мешавад. Бахусус гачкории хонаҳои иқоматӣ, ки бо номи «пардози аврупоӣ» машҳур аст, ривоҷ ёфтааст.

  • Архитектурный орнамент Узбекистана. Ташкент, 1961;
  • Ремпель Л. И. Панжара. Ташкент, 1967;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Рузиев М. Декоративно-прикладное искусство таджиков. Д., 2003.