Гашти варзишӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гашти варзишӣ
1987WorldCupTrials.jpg
Тавсифот
Аввалин мусобиқот
Федератсияи байналмилалӣ
Лоиҳаҳои марбут
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Гашти варзишӣпиёдаравии суръат (англ. Racewalking) — маҷмӯае аз риштаҳои варзиши сабук дар масофаи тӯлонӣ аст, ки дар роҳ ё пайроҳа баргузор мешавад.

Он аз гашти муқаррарӣ бо тирак кардани амудии пойҳо ва такя додани онҳо ба замин фарқ дорад; монанди дав нест, ки дар ин ҳолат пой бояд озод ва бидуни такя бар замин бошад. Суръати гашти варзишӣ 2-2,5 баробар тезтар аз гашти маъмулист. Гашти варзишӣ дар барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил буда, барои мардон берун аз варзишгоҳ ба масофаи 20 км ва 50 км, барои занон ба масофаи 20 км дар назар дошта шудааст. Мусобиқаҳо ба масофаи 400 м дар роҳравҳои варзишгоҳҳои боз (дорои 10 000 ва 20 000 ҷой) ва 200 м дар роҳравҳои дохили толорҳо (барои 5000 ҷой) баргузор мешаванд. Дар гашти варзишӣ барои варзишгар риояи ду қоида ҳатмист: нахуст, ҳатман бо замин васл бояд бошад ва ин пайванд набояд аз назари бинанда пинҳон монад; дуввум, аз лаҳзаи нахусти ҳаракат бояд пой ба шакли амудӣ, ба истилоҳ тирак бояд бошад, яъне, хам назада ба замин васл шавад. Дар ҳолати вайрон кардани қоида, варзишгар аз мусобиқа хориҷ карда мешавад. Техникаи гашти варзишгарро дар масири мусобиқа доварон, ки бояд аз 6 то 9 нафар бошанд, арзёбӣ мекунанд. Мусобиқаҳои гашти варзишӣ дар нимаи дуввуми садаи XIX нахуст дар Британия, баъдан дар Канада, ИМА, Шветсия, Фаронса, Олмон, Руссия ва ғ. баргузор гардидаанд. Гашти варзишӣ дар ИМА, Олмон, Британия, Мексика, Итолиё, Чехия, Ҷопон, Хитой ва ғ. рушд кардааст. Дар Тоҷикистон аз соли 1932 мусобиқаҳои ҷумҳуриявии гашти варзишӣ доир мегарданд. Дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ устодони варзиш В. Анисимов (50 км), А. Абдусатторов (50 км) бомуваффақият ҳунарнамоӣ карданд. Дар инкишофи гашти варзишӣ дар ҷумҳурӣ Мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон Г. Паничкин саҳми бузург гузоштааст. Вай чемпиони дукаратаи (1958 ва 1962) ИҶШС буда, соли 1962 дар чемпионати Аврупо (Белград) соҳиби ҷойи дуввум гаштааст. Ёрони ӯ В. Герус, С. Бантиков дар мусобиқаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо пирӯзӣ ба даст оварда буданд. Гашти варзишӣ имрӯз ҳам дар Тоҷикистон роиҷ аст. Варзишгарони тоҷик ҳар сол дар мусобиқаҳои варзишии тобистонии ҷумҳуриявӣ ширкат менамоянд. Занҳо дар масофаи 10 км қувваозмоӣ мекунанд. Соли 2010 варзишгарони тоҷик Шокир Эрматов ва Шуҳрат Эрматов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба гашти варзишӣ дар ш. Сарански Федератсияи Руссия ширкат намуданд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]