Гашти соат
Зоҳир
Гашти соат — тағйири ислоҳ даровардан ба соат дар воҳиди вақт.
Вобаста ба интихоби ин воҳид гашти соат шабонарӯзӣ, соатӣ, лаҳзавӣ ва ғ. мешавад. Ҳангоми манфӣ будани гашт соат пеш рафта, дар вақти мусбат будан торафт бештар қафо мемонад. Бузургии гашти соат ба танзимсозии кори соат вобаста бошад ҳам, сифати соатро муайян намекунад. гашти соат аз таъсири омилҳои гуногун, мас., ҳарорат, майдони магнитӣ, фишори атмосферӣ, шитоби афтиши озод, ларзиш ва лапиш (вибратсия, навасон), механизм ва тамоюли соат, инчунин аз дараҷаи тофти пружинаи соат (ё болоравии порсанги он) ва ғ. тағйир меёбад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гашти соат // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.