Гаҳворапӯш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гаҳворапӯш — ҷиҳози гаҳвора, ки аз матоъи гуногун (асосан аз фаранг, махмал, духоба, шоҳӣ ва ғайра) медӯзанд.

Гаҳворапӯш зимистона ва тобистона мешавад. Гаҳворапӯши зимистониро аз матоъи бадошти гарм (махмал) ва патдор, тобистониро аз матоъи сабуку нафис ва бе пахта (фақат як абраву астар) медӯзанд. Агар матоъ якранг бошад, онро ҳатман гулдӯзӣ мекунанд. Гаҳворапӯшро баъзан зардӯзӣ ҳам мекунанд.

Аз рӯйи анъана ва расму ойини ниёгон рӯзи гаҳворабандон баъди ба гаҳвора бастани тифл ба болои гаҳворапӯш 7 қабат чиз (дастархон, пӯстак, ҷойнамоз, кӯрпа, дос ва ғайра) мепартоянд. Пеш онҳое, ки тифли дардманд доштанд, Гаҳворапӯшро аз қуроқ медӯхтанд ва умед доштанд, ки бо ин роҳ тифлро аз дард наҷот диҳанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]