Jump to content

Гваделупа (ҷазира)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

Гваделупа (Guadeloupe) — ҷазира дар гурӯҳи ҷазираҳои Антили Хурд дар Вест-Индия.

Масоҳаташ 1703 км².Якҷо бо ҷазираҳои ҳамшафаташ «департаменти дур»-и Гваделупаи Фаронсаро ташкил медиҳад. Гарданаи танг 2 қисмати ҷазира: Бас-Тер ва Гранд-Терро ба ҳам мепайвандад. Бас-Тер аз ҷинсҳои вулканӣ таркиб ёфтааст. Баландиаш то 1467 м (вулкани оташфишон — қуллаи баландтарини ҷазираҳои Антили Хурд). Гранд-Тер пуштакӯҳи баландиаш то 130 м буда, аз туфсангҳои оҳакӣ ва вулкании неогенӣ ташаккул ёфтааст. Дарёҳои доимӣ надорад, чунки об ба тарқишҳои оҳаксангҳо меравад. Иқлимаш тропикӣ, пассатӣ (хушк), гарм ва рутубатнок. Миқдори бориши солона — 1500—2000 мм. Кӯҳҳоро бешаҳои тропикии серрутубат (дарахти нахл, фарнҳои дарахтмонанд) пӯшонидаанд. Ҷазираро 4 ноябри 1493 Х. Колумб кашф кардааст. Гваделупаро одамони маҳаллӣ (таҳҷойӣ) Карукера («Ҷазираи Обҳои Сурх») меномиданд. Х. Колумб онро ба шарафи Марияи Муқаддас Гаудалупа Санта-Мария-де Гваделупа д Эстремадура номида буд. Бо мурури замон ин ном кӯтоҳ шуда, танҳо як калима — Гваделупа боқӣ монд.