Jump to content

Гватемала (шаҳр)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гватемала (шаҳр)
исп. Ciudad de Guatemala
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 25 июл 1524[1]
Масоҳат
  • 692 км²
Баландӣ
1 500 ± 1 м
Вақти минтақавӣ UTC−06:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 1 213 651 тан (2022)
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 PK-IS
Нишонаи почта 1001–1073
Вебгоҳи расмӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гватемала (исп. Ciudad de Guatemala, пештар La Nueva Guatemala de la Asunción) — шаҳр, пойтахти Гватемала ва бузургтарин шаҳри Амрикои Марказӣ.

Дар водии кӯҳҳои Гватемала, дар баландии 1493 м аз с. б. воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 1,8 млн нафар, бо аҳолии атрофаш 3,8 млн нафар (2014).

Соли 1776 ҳамчун пойтахти генерал-капитанӣ бо номи Нуэва-Гватемала дар 40-километрии шимолу шарқии Гватемалаи куҳнаи дар натиҷаи заминҷунбӣ харобгардида бунёд ёфтааст. Солҳои 1822-23 дар ҳайати империяи Мексика, 1823-34 пойтахти муваққатии федератсияи Музофоти муттаҳидаи Амрикои Марказӣ буд. Аз соли 1902 пойтахти Гватемала. Шаҳр дар натиҷаи заминҷунбии солҳои 1917-18 ва 1976 хароб гардида, минбаъд сохтмон ва барқарорсозӣ дар қисми ҷанубии он идома ёфт.

Гватемала — маркази савдо, молия, сайёҳӣ, фарҳангии мамлакат. Саноати мошинасозӣ, семент, мебелсозӣ, бофандагӣ, чарму пойафзор, хӯрокворӣ рушд кардааст. Фурудгоҳи байналмилалии Аи Аурора (дар қисми ҷанубии шаҳр) дорад. Гватемалаи муосир аз ҷиҳати меъморӣ ба ратушаҳо наздик аст. Иншооти асосии ҷолибаш дар қисми ҷанубии шаҳри куҳна ҷойгиранд. Қасри миллӣ (1944), Калисои ҷомеъ (1782—1899), акведук, калисоҳои Сан-Хосе, Сан-Франсиско, Санто-Доминго, Ли Мерсел, Осорхонаи миллии санъати муосири «Карлос Мерида» (1934), осорхонаҳои таърих ва саноеи нафиса, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, таърихи табиии Хорхе А. Ибарра, санъат ва ҳунари мардумӣ, Ишчел-дел-Трах-Индихена ва Попол-Ву (сарулибоси майя), санъати муосир, Фрей Велассес, Бойгонии миллӣ ва китобхона, донишгоҳҳои хусусии католикии Рафаэл Ландовар, Дел Валйе, Мариан Галвее, Консерваторияи миллӣ, мактаби миллии санъати ҳайкалтарошӣ, Театри миллӣ дорад. Дар Гватемала институтҳои соҳавии энергияи атомӣ, электриконӣ, антропология ва таърих, ҷуғрофиё, академияҳои тиббӣ, физика ва табиатшиносӣ, Ҷамъияти ҷуғрофиёдонон ва таърихшиносон, Боғи ҳайвонот, боғҳои Минерва ва «Сентро Америка», шаҳрчаи олимпӣ мавҷуданд. Дар наздикии Гватемала дар Каминалгую харобаҳои шаҳри майя, дар музофоти Гватемала шаҳрчаҳои саноатӣ ва кишоварзии Чинаутла (ҳунари дастии кулолӣ), Миско (пойтахтро бо меваю сабзавот таъмин мекунад), Сан-Педро ва Сан-Хуан-Сакатепекес (шаҳрчаҳои ҳиндуён) воқеъ гардидаанд.



Пойтахтҳои Амрикои Шимолӣ
Бастер | Белмопан | Бриҷтаун | Вашингтон | Гавана | Гватемала | Кастрис | Кингстаун | Кингстон | Манагуа | Мехико | Нассау | Оттава | Панама | Порт-о-Пренс | Порт-оф-Спейн | Розо | Сан-Салвадор | Санто Доминго | Сан-Хосе | Сент-Ҷонс | Сент-Ҷоржес | Тегусигалпа