Гватемалиҳо
Сукунат | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гватемалиҳо — халқият, сокинони асосии Гватемала.
Дар ИМА, Мексика, Белиз низ зиндагӣ мекунанд. Бо шеваи маҳаллии забони испанӣ гап мезананд. Хатташон лотинӣ. Шумораи умумиашон дар оғози садаи XXI 12 млн нафар буда, аксарият пайравони дини насронианд (асосан равияи католикӣ ва қисман протестантӣ). Гватемалиҳо аслан насли омехтаи мардуми испанӣ ва ҳиндуҳои маҳаллӣ мебошанд. Мустамликадории Испания дар ин минтақа (аз садаи XVI) ба ҷорӣ гардидани забону фарҳанги испанӣ дар миёни ҳиндуҳои маҳаллӣ мусоидат кард. Ташаккулёбии халқияти гватемалиҳо ба давраи эълони мустақилии Гватемала аз Испания (1821) рост меояд. Гватемалиҳо асосан ба парвариши ҷуворӣ, лӯбиё, какао, тамоку, пахта, қаҳва, банан, найшакар ва ғ. машғул буда, деҳқонони камзамин ва безамин дар заминҳои иҷора ва плантатсияҳо бо меҳнати кироя машғуланд. Ҳунарҳои кулолӣ ва бофандагӣ низ дар миёни гватемалиҳо маъмуланд. Гватемалиҳоҳои испанизабон асосан дар шаҳрҳои пешрафтаи кишвар зиста, бештар ба тиҷорат ва соҳаи хидматрасонӣ машғуланд. Хонаҳои маъмулии гватемалиҳо як ё дуҳуҷрагӣ буда, аз хишти хоми бо коҳи гандум рехташуда ва най сохта шудаанд. Боми хонаҳо бо барги дарахти нахл ва аҳёнан бо сафол пӯшонида шудаанд. Дар миёни аҳолии деҳот расму ойини заминдорӣ ва парастиши салиб боқӣ мондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Народы Америки. Т. 2. М., 1959;
- Брук С. И. Население мира. Этнодемографический справочник. М., 1986.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гватемалиҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.