Геб
Пол | мард[1] |
---|---|
Отец | Shu[d][1] |
Мать | Tefnut[d][1] |
Супруг(а) | Nut[d][1] |
Дети | Osiris[d][1], Isis[d][1], Nephthys[d][1] ва Seth[d][1] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Геб (юн. Seb ё Keb[2]) — дар асотири Миср худои Замин, яке аз худоёни нуҳгона (эннеада).
Нигораи Геб
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар низоми илоҳиёти коҳинони шаҳри Гелиопол оид ба муносибати худоён ва нақши онҳо дар офариниши олам ҷойи марказиро парастиши офтоб ташкил карда, офариниши оламро ба худои офтоб Ра нисбат медоданд. Мувофиқи он, дар ибтидо худои тӯфон — Нун вуҷуд дошт ва аз он худои Атум, ки баъдан ба Ра табдил шуд, ба вуҷуд омад. Ра аз худ ду ҷуфти аввали худоён: Шу — худои ҳаво ва Тефнут — худои рутубатро берун овард ва фарзандони ин ду — Геб ва Нут худои замин шуданд. Геб бародар ва шавҳари илоҳаи осмон Нут аст; фарзандони ӯ Осирис, Сет, Исида ва Нефтида мебошанд. Одатан, ӯро ба сурати инсон бо тоҷи Мисри пойин ё Мисри боло бар фарқи сар тасвир мекунанд. Мувофиқи устура, Геб бо хоҳар ва зани худ Нут (осмон), барои он ки вай ҳар рӯз фарзандонаш — ситорагони осмонро мехӯрду сипас боз мезоид, ҷанҷол мекард ва Шу онҳоро аз ҳам ҷудо намуд. Аз ин рӯ, дар катибаҳои мисрӣ Геб ба сурати ба пушт хобида ва Нут ба болои ӯ хамгашта тасвир ёфтааст. Тибқи боварҳои асотирӣ, Геб худои нек буда, мурдагону зиндагонро аз морҳои заминӣ ҳифозат мекунад, дар рӯйи он ҳамаи набототи барои инсон зарурӣ мерӯяд; об (Нил) ҳам аз он ҷорӣ мегардад. Геб бо олами мурдагон низ робита дорад. Геб дар «Китоби мурдагон» (боби 125) дар мурофиаи Осирис иштирок дорад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 1.7 Encyclopedia of Ancient Deities (ингл.) — 1 — Jefferson: McFarland & Company, 2000. — P. 189. — 597 p. — ISBN 0-7864-0317-9
- ↑ Budge, E. A. Wallis (Ernest Alfred Wallis), Sir, 1857-1934. The gods of the Egyptians, or, Studies in Egyptian mythology. — [Kessinger Publishing]. — ISBN 0766129861.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мифологический словарь. М., 1991;
- 100 великих богов. М., 2004;
- Всеобщая история религий мира. М., 2006.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Геб / Ш. Абдуллозода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.