Jump to content

Гейзер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ге́йзер (исл. geysir, аз исл. geysa — фаввора задан) — чашмаи оби гармест, ки аз он оби гарм ва буғ фаввора мезанад.

Гейзер яке аз зуҳуроти оташфишонӣ давраи охир буда, асосан дар минтақаҳои вулканҳои амалкунанда ё нав хомӯшшуда ба вуҷуд меояд. Оби қаъри замин, ки пайдоишаш асосан атмосферист, аз тафси манбаи вулкан тадриҷан гарм шуда меҷӯшад ва аз ковокию тарқишҳои замин мебарояд. Дар натиҷа дар атрофи чашма тадриҷан минерали гейзерит ҷамъ омада, теппачаи махрутшакл пайдо мешавад, ки дар дохили он кӯл ба вуҷуд меояд. Ҳангоми хурӯҷи гейзер аз сӯрохии он буғ ва оби гарм ба баландии 20–60 м (баъзан зиёда аз 400 м) фаввора мезанад. Ҳарорати оби гейзер то ба 100°С мерасад. Оби гейзер нисбатан соф буда, миқдори ками (дар 1 л 1–2 г) минерал – бештар ионҳои хлорид, натрий ё хлориди гидрокарбонат ва натрий дорад. гейзер муддати муайяни фавворазанӣ дорад, ки он аз чанд сония то чанд рӯз давом мекунад. гейзерҳо дар Федератсияи Русия (Камчатка), Исландия, ИМА, Зеландияи Нав, Чили ва дигар ҷойҳо маълуманд. Дар Камчатка ҳамагӣ 100 гейзер вуҷуд дорад. Бузургтарин гейзери Камчатка «Великан» мебошад, ки обу буғи он то баландии 40 м фаввора мезанад. Дар Исландия 30 гейзер мавҷуд аст. Фаъолтарин гейзери ҷаҳон – Строккур дар Исландия ҷойгир аст, ки баъди ҳар 5–10 дақ. фаввора мезанад. Яке аз машҳуртарин гейзерҳои ҷаҳон «Old Faithful Geyser» («Гейсери Пир») дар Боғи миллии Йелловстовн (ИМА) мебошад, ки аз он ҳар 70 дақ. обу буғ то баландии 45 м фаввора зада мебарояд. Буғ ва оби гарми гейзерҳоро барои гарм кардани биноҳо, гармхонаҳо ва эҳтиёҷоти энергетикӣ истифода мебаранд. Оби гарму лойқаи баъзе гейзерҳо хусусияти шифоӣ доранд.

  • Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона. В. 86 Т. (82 Т. и доп.) СПб., 1890–1907;
  • Жилин М. Я. Тропа к гейзерам. М., 2014.