Гелак ибни Абдурраҳмони Румӣ
Зоҳир
Гелак ибни Абдурраҳмони Румӣ — ҳофиз, навозанда, оҳангсоз, мусиқидон ва шоири асрҳои 16-17.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Улуми адабу шеъру мусиқиро дар зодгоҳаш шаҳри Рай фаро гирифт. Муддате дар дарбори Сафавиён (дар Исфаҳон) ва баъдан дар дарбори Усмониён (дар Истанбул) ҳамчун ровӣ (равзахон, наътсаро) ва мутриб хидмат кард. Бинобар ёддошти муосиронаш ғазалу рубоиро неку мегуфт; дар навохтани уд, танбӯр, қонун, рубоб ва дар ҳунари сарояндагӣ маҳорати баланд дошт. Дар асоси зарбу авзони мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Наво», «Ушшоқ», «Исфаҳон» дар шаклу анвои шеърию мусиқии «нақш», «савт», «амал» оҳангҳои нав тасниф намудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- سام میرزا صفوی. تحفۂ سامی. تهران، ١۳۴۶ ه. ش.؛
- مصطفی علی چلبی. مناقب هنروران. استنبول، ١۹٢۳؛
- حسن مهشون. تآریخ موسیقئ ایران. جلد 1. تهران، ١۳٧٥ ه. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гелак / А. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.