Jump to content

Геловани, Михаил Георгиевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Геловани, Михаил Георгиевич
Таърихи таваллуд: 6 январ 1893(1893-01-06)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 21 декабр 1956(1956-12-21)[2][1] (63 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, коргардони филм, ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, коргардони театр, chorist
Корнома: аз 1913
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0312499
 Парвандаҳо дар Викианбор

Михаи́л Гео́ргиевич Гелова́ни (6 январи 1893, Кутаиси, Гурҷистон21 декабри 1956, Маскав) — ҳунарпешаи гурҷитабори шӯравӣ. Артисти халқии ИҶШС (1950).

Фаъолияти эыодь

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти эҷодиашро дар Батуми оғоз намуда, баъд дар театрҳои Боку, Кутаиси кор кардааст. Пас аз Инқилоби Октябр аз мактаби ҳунарпешагии Театр-студияи коргардон Михаил Геловани Ҷабарии Тифлис гузашт (1919–20). Нимаи дуввуми солҳои 20 садаи XX ба коргардонии филмҳо рӯ овард. Аз соли 1927 коргардону басаҳнагузорандаи студияи филмбардории «Армен-кино», баъд ҳунарпешаи Театри ба номи Ш. Руставелии Тифлис (1936–39), Театри бадеии академии Маскав ба номи М. Горкий (1942–48), театр-студияи актёри кино (1954–56) буд. Ба нақшҳои иҷрокардаи Михаил Геловани мушоҳидакории дақиқ хос аст: Васка Пепел («Дар қаър»-и М. Горкий), Котсия («Дӯшинаҳо»-и Ш.Н. Дадиани), Тариэл Мкловадзе (пйесаи ҳамноми Э. Ф. Ниношвили) ва ғ. Михаил Геловани нахустин иҷрокунандаи нақши И. В. Сталин дар театр (1937, «Аз шарора»-и Дадиани; «Марди мусаллаҳ»-и Н. Погодин) ва дар кино – «Шафақи бузург» (1938; Мукофоти давлатии ИҶШС,1941), «Ленин дар соли 1918» (1939; «Мудофиаи Саритсин» (1942; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1942), «Қасам» (1946; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1947), «Сарнагуншавии Берлин» (1950; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1950) мебошад. Дар кино дигар нақшҳои ҷолиб низ бозидааст: Бахва Пулава («Се ҳаёт», 1925), шоир («Хабарда», 1931), Ломидзе («То дидан», 1935), Крилэ («Водии заррин», 1937) ва ғ. Михаил Геловани режиссёри филмҳои «Ҷавонии музаффар» (1929) ва «Қафқозии асил» (1939) аст. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Геловани Михаил Георгиевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  3. Национальная фильмография Грузии — 2007.
  • Театральная энциклопедия. Т. 1 М., 1961;
  • Большая советская энциклопедия. 3 изд. Т. 6. М., 1971;
  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980.