Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Генералиссимус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Генерали́ссимус (аз лот. generalissimus[1] — «меҳтарин») — яке аз баландпоятарин дараҷаҳои олии низомӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи бархе аз кишварҳо аст, ки ҷойгоҳе болотар аз генерал-фелдмаршал (фелдмаршал ё маршал) дорад.

Генералиссимус ба генерал-фелдмаршалҳое дода мешуд, ки дар замони ҷанг якчанд артиш, маъмулан артишҳои муттаҳидинро фармондеҳӣ мекарданд ва гоҳе низ ба намояндагони дудмонҳои подшоҳӣ ва ё бузургони давлатӣ ҳамчун унвони ифтихорӣ дода мешуд.

Ин унвонро барои нахустин бор соли 1569 шоҳи Фаронса Карли IX ба бародари 18-солаи худ Анрӣ (дертар шоҳ Генрихи III) дод. Сипас дар асрҳои XVI – XVII унвони генералиссимусро дар Фаронса 4 кас, дар Австрия 5 кас, дар Олмон 1 кас дарёфт карданд. Дар Русия унвони генералиссимус аввалин бор ба сардори артиш А. С. Шеин дода шуд (1696). Дертар дар Русия унвони генералиссимусро княз А. Д. Меншиков (1727), шоҳзода А. У. Брауншвейгский (1740) ва лашкаркаши бузург А. В. Суворов (1799) дарёфт карданд.

Дар ИҶШС унвони генералиссимус ба И. В. Сталин (27.6.1945) дода шуд. Дар дигар кишварҳо Ф. Франко (Испания), Чан Кай Ши (Тайван), Ким Ир Сен (ҶХДК) унвони генералиссимусро доштанд.

  1. ↑ "generalissimo". Encyclopaedia Britannica: Or, A Dictionary of Arts, Sciences, and Miscellaneous Literature, Enlarged and Improved. Archibald Constable. 1823. p. 484. https://archive.org/details/bub_gb_HconAAAAMAAJ.Генералиссимус