Генерал-адмирал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Генерал-адмирал — яке аз рутбаҳои баланди низомӣ дар қувваҳои ҳарбии баҳрии чандин кишвар аст.

Дар Русия генерал-адмирал ҳамчун баландтарин рутба ва мақоми низомии қувваҳои ҳарбии баҳрӣ дар соли 1722 аз ҷониби Пётри I ба рӯйхати рутбаҳо ворид карда шуд ва баробар ба рутбаи генерал-фелдмаршал дар қувваҳои хушкигард ё мушовири мухтори дараҷаи аввали хадамоти мулкӣ буд. Дар қувваҳои ҳарбии баҳрии Олмон генерал-адмирал (олм. Generaladmiral) мувозӣ бо рутбаи генерал-полковники артиши хушкигард ва дар қувваҳои ҳарбии баҳрӣ дувумин рутбаи баланд (пас аз гросс-адмирал) аст. Адмирали бузург (шведии Storamiral) дар Шветсия вазифа ва рутбаи баланди низомӣ ва ҳамрадиф бо рутбаи фелдмаршали артиш буд. Аз аҳди шоҳ Карли XI генерал-адмирал (шведии Amiraldgeneral) яке аз вазифаҳои баланд дар қувваҳои ҳарбии баҳрии Шветсия шумурда мешавад. Дар аҳди Густави III генерал-адмирал-ҳо дар Шӯрои назди шоҳ ҷаласа ташкил мекарданд ва масоили пешрафту фаъолиятҳои размии қувваҳои ҳарбии баҳрии кишварро баррасӣ менамуданд.

Генерал-адмирал (almirante-general) солҳои 1892–1910 баландтарин рутба дар қувваҳои ҳарбии баҳрии Португалия буд, ки танҳо шоҳи ин кишвар ҳамчун Сарфармондеҳи қувваҳои ҳарбии баҳрӣ ин дараҷаро дошт. Дар лашкари хушкигард ба он рутбаи маршали бузурги Португалия (marechal-general) мувофиқат мекард, ки ин рутба низ танҳо ба шоҳи кишвар ҳамчун Сарфармондеҳи кулли артиш дода мешуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бантыш-Каменский Д. Н. Биографии российских генералиссимусов и генерал-фельдмаршалов. В. 4-х частях. М., 1991.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]