Генерал-адютант
Зоҳир
Генерал-адютант — рутбаи низомӣ, сипас рутбаи мулозимӣ дар артиши Русия. Онро бори нахуст Пётри I барои ашхосе, ки дар назди император, генерал-фелдмаршалу ёварони вай ва аз ҷумла, генералҳо, ҳамчун сарадютант ба шумор мерафтанд, муқаррар кард. Генерал-адютант дар назди шоҳ дафтари коргузории урдугоҳро сарварӣ ва дар назди генерал-фелдмаршалу дастёри ӯ вазифаҳои адютантро иҷро намуда, дар ситод ба умури коргузорӣ роҳбарӣ мекард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Советская военная энциклопедия. Т. I. М., 1976;
- Военный энциклопедический словарь. М., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Генерал-адютант // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.