Генерал - губернатории Туркистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Генерал-губернатори Туркистон - (1867 - 1917) — яке аз минтақаҳои тобеи Русия, марказ ш. Тошкент.

Таърих[вироиш]

Генерал-губернатори Туркистон - , аввал (с.1867) аз ду вилоят (Сирдарё - бо марказ дар Тошкент ва Ҳафтруд - бо марказ дар Верныӣ) иборат буд. Соли 1876 баъди барҳам додани хонигарии Қӯқанд сарзамини боқимондаи он (яъне қисми ҷанубии хонигарӣ) бо номи вилояти Фарғона ба ҳаӣати генерал-губернатории Туркистон дохил карда шуд. Округи Зарафшон соли 1887 ба вилояти Самарқанд табдил ёфт. Соли 1882 вилояти Ҳафтрудро як муддат ба генерал-губернатории Степноӣ ва соли 1899 боз ба ҳаӣати генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ шуд. Шӯъбаи Моварои Каспӣ (Закаспиӣ) соли 1891 ба вилоят табдил дода шуд ва он то соли 1890 ба ҳаӣати мулки Кавказ дохил мешуд. Вилояти Моварои Каспӣ (Закаспиӣ) солҳои 1890-1897 бевосита дар итоати вазорати ҳарбӣ буда, аз соли 1897 ба генерал-губернатории Туркистон дохил карда шуд. Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшони (Помири) Шарқӣ ба ҳаӣати ду вилоятҳои кишвари Туркистон: Самарқанд ва Фарғона мансубият доштанд. Ба ҳаӣати вилояти Самарқанд уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшон, ба ҳаӣати вилояти Фаргона Бадахшони Шарқӣ, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд.

Маъмурият[вироиш]

Маъмурияти кишвари Туркистон ба мисли дигар губернияҳои Русия на ин ки ба вазорати корҳои дохилӣ, балки ба вазорати ҳарбии он итоат мекард. Аз ҷиҳати маъмури Генерал - губернатории Туркистон ба вилоятҳо, вилоятҳо ба уездҳо, уездҳо ба волостҳо тақсим мешуданд. Генерал-губернатор дар ихтиёри худ идоракунии маъмурк ва ҳарбиро муттаҳид мекард. Ба ӯ ҳуқуқҳои васеъ дода буданд. Дар назди ӯ ҷонишин ва шӯрои махсус аз амалдорони ҳарбӣ ва граёдании кишвар вуҷуд дошт. Органи иҷроия бошад конселярияи ӯ ба ҳисоб мерафт, ки он дар навбати худ аз се шӯъба иборат буд. Шӯъбаи аввал - бо масъалаҳои маъмурӣ ва ҳаӣати шахсии маъмурияти кишвар; шӯъбаи дуюм - бо масъалаҳои замину андоз, сохтмон, алоқа ва масъалаҳои молия, воридоту содирот, назорат аз болои моликияти вакфӣ, назорат аз болои хориҷиёни дар кшнвар буда ва ғаӣра машгул буданд. Шӯъбаи сеюм - шӯъбаи махсуси дар назди конселярия буда ҳамшун қисми дипломатк ба ҳисоб мерафт, ки он аз соли 1899 чун амалдори дипломатии намояндаи вазорати корҳои хориҷӣ шуморида мешуд ва ба воситаи он сиёсати мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ аз болои аморати Бухорою хонигарии Хева низ амалӣ мегардид. Дар вилоятҳо губернаторҳои ҳарбӣ, дар уездҳо сарварони уездҳо роҳбарӣ мекарданд. Ҳамаи онҳо шахси ҳарбӣ ва якшоя маъмурияти ҳарбии кишварро ташкил мекарданд. Бояд қаӣд кард, ки қисме аз онхо дар қатори рӯтбаи ҳарбӣ доштан, аз таъриху маданияти кишвар хабардор буданд, забонҳои маҳаллиро медонистанд, баъзеашон шарқшиносони номӣ (ба монанди Н.С.Ликошин-губернатори ҳарбии вилояти Самарқанд) ба ҳисоб мерафтанд. Сарварони вилоятҳо ҳокимияти маҳаллӣ-оқсақолони деҳаҳо ва авулҳоро аз ҳисоби боӣҳои маҳаллӣ интихоб мекарданд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҳокимияти маҳаллиро «ҳокимияти халқӣ» мегуфтанд. Ин «ҳокимияти халқӣ» якҷоя бо маъмурияти ҳарбӣ номи «идоракунии ҳарбию халқӣ»-ро гирифтааст.

Манобеъ[вироиш]

Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.