Генератори аэрозол
Генератори аэрозол — дар кишоварзӣ дастгоҳ барои бо усули термомеханикӣ ҳосил кардану пош додани моддаҳои заҳрогин (нигар Аэрозолҳо) бо мақсади маҳв сохтани ҳашароти зараррасони боғ, бешазор ва зироат, безарар гардонидани анбору гармхонаҳо ва ғайра.
Генератори аэрозол аз камераи сӯзиш, зарф барои маҳлули корӣ (заҳр) ва бензин, насосҳо барои интиқоли маводди сӯхт ва маҳлул, системаи афрӯзиши омехтаи сӯзишворию ҳаво, пошдиҳанда ва ҳавофишор иборат аст. Газҳои тафсоне, ки дар камераи афрӯзиш ҳосил мешаванд, ҳангоми аз пошдиҳанда гузаштан, маҳлули кориро бухор менамоянд. Омехта аз ҷумак пош хӯрда, бо ҳавои берун махлуту хунук мешавад ва ба бухор табдил меёбад. Генератори аэрозол гуногун мешавад: АГ-УД-2 (паҳноии кораш 50-100 м), ОАН «Ракета» (60-90 м), АПП-0,5 «Микрон» (то 10 м) ва ғ. Маҳсулнокии онҳо аз 1,7 (АПП-0,5 «Микрон») то 60 (ОАН «Ракета») га/соат аст. Генератори аэрозол аз муҳаррики худ (АГ-УД-2) ё тавассути наварди таҳвили иқтидори трактор (ОАН «Ракета») ба кор медарояд. Генератори АПП-0,5 «Микрон» баъди афрӯзиши аввалин худкор аст. Дар мавриди кор генератори АГ-УД-2-ро дар бордони мошин ё трактор меоранд. Генератори аэрозол-и ОАН «Ракета» ба трактори иқтидораш миёна насб карда мешавад. Генератори аэрозол-ро дар Тоҷикистон низ истифода мебаранд. Солҳои 80 садаи XX олимони Институти кимиёи кинетикӣ ва сӯзиши Шуъбаи сибирии АИ ИҶШС ва Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶШСТ генератори диспероид (пошхӯрии моеъ)-аш танзимшаванда сохта, дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Қумсангиру Фархор санҷидаанд. Он имкон медод, ки ба пахтазор аз болои мошини қад-қади майдон дар ҳаракат буда дору пошида шавад. Дар натиҷаи аз боло пошидани дору рустанӣ нисбатан кам зарар дида, ҳашарот тамоман маҳв мегардад.
Дар тиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Генератори аэрозол дар тиб дастгоҳе, ки дар ҳаво моеъро ба гард табдил медиҳад. Онро барои бо аэрозолҳо (ваксинатсия, ингалятсия ва кимиёшифоии берунӣ) ба организм таъсир расонидан кор мефармоянд. Барои дизенсексияи маҳал, бино ва иншоот низ истифода мегардад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Догода П. А., Воложанинов С. С., Догода Н. П. Механизация химической зищиты растений. Симферополь. 2000;
- Хомякова Л. Г., Зайцева И. Г., Мнушко З. Н., Компанеец Е. И. Аэрозоли для лечения заболеваний органов дыхания. М., 2003.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Генератори аэрозол // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.